Сомонаи пешина | Сш, 20 Апрел 2021 / 09:04
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Озмуни «Китобхони беҳтарин» дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб

06.04.21Барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ҷавонону наврасони имрӯзаро лозим аст, ки вориди китобхонаҳо гардида аз захираи пурғановати китобию бойгонии электронии он самаранок истифода баранд. Бо мақсади тарбияи насли ҷавон ва дастраси оммаи васеи хонандагон гардонидани ин боигарии фарҳангӣ ва густариши тамаддуни башарӣ дар роҳи тарғиботи сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ мо кормандони китобхонаҳоро муввазаф намудааст, ки дар тарғибу ташвиқи хазинаи китобӣ саҳми назаррас гузошта шумораи зиёди хонандагонро ба хониши китоб ҷалб карда тавонем.

Ҳамин аст, ки 5 апрели соли 2021 мувофиқи нақша - чорабиниҳои Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” дар толори машваратии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” Озмуни “Хонандаи беҳтарин” бо иштироки хонандагони фаъоли Китобхонаҳои оммавӣ ва муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб таҳти унвони “Китоб-дӯсти беҳтарин” баргузор гардид. Озмун бо мақсади ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, тарғиби арҷгузорӣ ва ифтихор аз фарҳангу таърихи пурғановати гузаштагон, дӯст доштани Ватан, далерию мардонагӣ, Ваҳдати миллӣ амалӣ гардид. Шартҳои озмун аз он иборат буд, ки хонандаи фаъоли китобхона аз аввали соли 2021 чанд китобро мутолиа намудааст; дар муаррифии китобҳои тозанашри ба китобхона воридшуда иштирок кардааст; нисбати китобҳои мутолианамудааш ба ҳамсолонаш маълумот додааст; китобҳои хондаашро бо фикру мулоҳизот дар дафтарчаи махсус қайд кардааст.

Аъзоёни ҳакамон тамоми шартҳои озмунро ба инобат гирифта ғолибонро дар рафти ҷамъбасти фестивал муайян намуда ба даври ниҳоӣ сафарбар менамоянд.

Обидзода Саймуҳаммад директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи
оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб»