Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 04:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи дониш дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

01.09.2021.14

Рӯзи 1 сентябри соли 2021 дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати идона, бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ ва эҳсоси ифтихор аз фарорасии бузургтарин ҷашни таърихи нави давлатдориамон 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли нави таҳсили 2021- 2022 оғоз гардид.

Дар баробари дигар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон низ Рӯзи дониш ботантана таҷлил гардид. Дар чорабинии мутантани донишкада муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо иштирок ва суханронӣ намуданда, устодону донишҷӯёнро бо ин рӯз табрику таҳният намуд.

Баъд аз ҷамъбасти чорабинӣ донишҷуёну устодон ба қисмати оғози таълим шурӯъ намуданд.


01.09.2021.10

01.09.2021.1501.09.2021.1301.09.2021.1101.09.2021.12