Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 04:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

1 сентябр – Рӯзи дониш ва дарси сулҳ

01.09.2021.1Чун анъана ҳамасола дар муассисаҳои таҳсилоти оливу касбӣ ва миёнаи ҷумҳурии азизамон рӯзи 1 сентябр бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил гардида, ҷамъомади идона баргузор мегардад.

Ин рӯзи фархундаро устодону хонандагони Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М. Собирова ва Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов ботантана истиқбол намуданд.

Зимни баргузории чорабинӣ дар муассисаҳои зикршуда муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо ва намояндагони вазорат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон баъд аз анҷоми чорабинӣ роҳбарият ва намояндагони Вазорати фарҳанг аз шароити муассисаҳо дидан намуда, бо хонандагону донишҷуён аз наздик суҳбату мулоқотҳо оростанд.

01.09.2021.201.09.2021.301.09.2021.401.09.2021.501.09.2021.801.09.2021.6
01.09.2021.901.09.2021.7