Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 04:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи дониш дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон

01.09.2021.16 9

Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон-Тоҷикистони маҳбуб, дар нахустрӯзи соли нави таҳсил 1 сентябр, дарси сулҳ доир мегардад, ки имсол ин сана барои тамоми донишандӯзон басо рамзист, зеро дар ин сол ҷашни фархундаву саодатбахш ва тақдирсози миллат 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф, устодону донишҷӯён дарси сулҳ баргузор гардид.

Дар рафти суханронии хеш муовини вазир оид ба дастовардҳои 30 соли истиқлоли мамлакат, аз ҷумла сохта ба ифтифода додани даҳҳо иншооти таълимӣ ва фаро гирифтани фарзандони кишвар ба таълиму тарбия ва ғамхории Президенти кишвар баҳри рушди маорифи мамлакат суханронӣ намуд.

01.09.2021.16 101.09.2021.16 201.09.2021.16 3








Номбурда, аз ҷумла иброз дошт, ки “Зимни яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд, ки «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ - мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем».

Баъд аз анҷоми чорабинӣ устодону донишҷӯёни Консерватория ба оғози таҳсили солҳои 2021-2022 шурӯъ намуданд.

01.09.2021.16 401.09.2021.16 501.09.2021.16 601.09.2021.16 701.09.2021.16 8