Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТАЪЗИЯ

02.09.2021.1Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти Корманди шоистаи Тоҷикистон, оҳангсози шинохта Пиров Ҳасан Алиевич сахт андуҳгин буда, ба аҳли хонадон, хешону пайвандон, дӯстону наздикони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуда, барояшон сабри ҷамил мехоҳад.

Рӯҳи марҳум шод ва хонаи охираташ обод бод.

Пиров Ҳасан Алиевич соли 1951 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, дорандаи ҷоизаи Корманди шоистаи Тоҷикистон, раиси комиссияи тафтишотии Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон, навозанда, дирижёри оркестри асбобҳои халқӣ, оҳангсоз мебошад.

Хатмкардаи Коллеҷи мусиқии шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода буда, солҳои 1974 то 2004 ба ҳайси муаллими Коллеҷи мусиқии шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов, аз соли 1998 то 2005 роҳбари бадеӣ ва сардирижёри Оркестри асбобҳои халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва аз соли 2006 то 2014 декани факултаи мусиқии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолият кардааст.

Пиров Ҳасан Алиевич зиёда аз 60 асари инструменталӣ ва вокалӣ эҷод намудааст.

Номи некаш дар дили ҳамкорону ҳамкасбон ва дӯстону пайвандон ҷовидона боқӣ хоҳад монд. Рӯҳаш шод ва ёдаш гиромӣ бод.