Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии Библиомарафон дар пойтахт баргузор гардид

03.09.20213 3

Бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, бедор намудани майлу рағбати онҳо ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ, зебоипарастӣ дар саросари ҷумҳурӣ Озмуни ҷумҳуриявии Библиомарафон таҳти унвони “Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб” миёни хонандагони синфи 6 баргузор гардид.

2 сентябри соли ҷорӣ даври ниҳоии Озмун дар толори Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар” доир шуд.

Дар даври ниҳоӣ ҳакамони озмун дар ҳайати Хушдил Раҳимҷон-Сармуҳарири маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”, раиси ҳакамон, Иброҳимзода Муҳаббат-мудири шуъбаи илмию методӣ ва маълумоти библиографии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар-котиб, аъзоён: Маҳмадализода Гулчеҳра-узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Сафарзода Ҳусайн-директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Сафар Амирхон-корманди нашриёти “Адиб” ба иштирок ва сатҳи дониши хонандагон баҳогузорӣ намуданд.

Дар озмун хонандагони синфи 6-и муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтаанд, бо як маҳорати хоса, тайёрии ҷиддӣ ширкат варзиданд.

Ғаниева Гулсуман аз ноҳияи Восеъ, Саидмуҳамади Саидҷаъфар аз ноҳияи Рашт, Нурализода Дилноза аз шаҳри Ҳисор, Зафари Муҳаммадсалим аз шаҳри Хуҷанд, Шарифов Афрӯз аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, Шарифова Азиза аз шаҳри Конибодом ва дигарон ба суолу пурсишҳои ҳайати ҳакамон тибқи Низомномаи озмун посухҳои дурусту амиқро пешниҳод намуданд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун рӯзи 4 сентябр дар маросими ботантана аз ҷониби роҳбарияти вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати ҳакамон муайян ва бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

03.09.20213 103.09.20213 203.09.20213 403.09.20213 503.09.20213 603.09.20213 7