Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Кормандони соҳаи фарҳанг бо ҷоизаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд

03.09.2021.5 23Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 июли соли 2021, таҳти №213 барои хизматҳои шоиста дар соҳаи фарҳанг, санъат, фаъолияти босамари давлатӣ ва комёбиҳои назарраси эҷодию ҷамъиятӣ рӯзи 2 сентябри соли равон дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ба як қатор кормандони соҳаи фарҳанг мукофотҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Бо медали Хизмати шоиста

1. Акбарзод Мубашшир-муҳаррири пешбари Муассисаи давлатии “Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи милли тоҷик”,
2. Иброҳимзода Убайдулло-муовини аввали директор оид ба ташкили консертҳои муассисаҳои давлатии “Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ”,
3. Мақсудзода Фарҳод- ноиби ректор оид ба таълим дар муассисаи давлатии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода”,
4. Одиназода Эркин-консертмейстери ансамбли рақсии “Зебо”-и Муассисаи давлатии “Иттиҳодияи давлатии гуруҳҳои эҷодию консертӣ”,
5. Раҳимӣ Дилшод -директори Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот”,
6. Розиқзода Наргис Теша-роҳбари бадеии Муассисаи давлатии “Театри ҷумҳуриявии Лӯхтак”,
7. Шукурзода Салоҳиддин Гурез-ҳунарпешаи дараҷаи олии Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ”,
8. Хайриддинзода Баҳрулло-ноиби ректор оид ба корҳои эҷодӣ дар Муассисаи давлатии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода”,
9. Суюнов Эркин-мудири кафедраи дизайн ва меъмории Муассисаи давлатии “Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон”.

Бо медали 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Акобиров Сайнуридин-иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии Муассисаи давлатии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода”,

Бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Уланова Римма Михайловна - ҳунарпешаи дараҷаи олии Муассисаи давлатии “Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский”,
2. Маҳмудов Саид - омӯзгори кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалии Муассисаи давлатии “Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон”,
3. Қурбонзода Баҳроми Сафаралӣ - коргардон, таҳиягари Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ”.

Дар анҷоми ҷаласа аз номи кормандони соҳаи фарҳанг муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одил вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлатро бо сазовор гардидани медали 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.

Холиқзода Марям
Маркази матбуоти вазорат

03.09.2021.5 103.09.2021.5 203.09.2021.5 303.09.2021.5 403.09.2021.5 503.09.2021.5 603.09.2021.5 703.09.2021.5 803.09.2021.5 903.09.2021.5 1003.09.2021.5 1103.09.2021.5 1203.09.2021.5 1303.09.2021.5 1403.09.2021.5 1503.09.2021.5 1603.09.2021.5 1703.09.2021.5 1803.09.2021.5 1903.09.2021.5 2003.09.2021.5 2103.09.2021.5 2303.08.2021.6