Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъбаст ва маросими мукофотсупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии Библиомарафон

060921.212

Рӯзи 4 сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ҷамъбаст ва маросими мукофотсупории Озмуни ҷумҳуриявии Библиомарафон таҳти унвони “Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб” доир гардид.

Дар маросим муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф, аъзои ҳакамон, наврасону иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат варзиданд.

Сафарзода Давлат Шариф ғолибони озмунро табрику таҳният гуфта, барои иштирокашон дар озмунҳои дигари ҷумҳуриявӣ комёбиҳоро таманно намуд.

Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон 7 нафар ғолиб ва 15 нафар иштирокчиёни фаъол муайян ва ба ҷойҳои ифтихорӣ, бо туҳфаҳои пулию молӣ сазовор гардиданд.

Ҷойи сеюм ба хонандагон Ҳалимов Муҳаммадҷон аз шаҳри Бохтар, Шаҳнозаи Сураҷ аз ноҳияи Ёвон ва Салимова Шукрона аз ноҳияи Ҳамадонӣ насиб гардид.

Алиҷони Мирзоалӣ аз ноҳияи Нуробод, Шарифова Азиза аз шаҳри Конибодом сазовори ҷойи дуюм ва Назаршоев Назаршо аз ноҳияи Роштқалъа соҳиби ҷойи якум гардиданд.

Шоҳҷоиза насиби Ғаниева Гулсуман хонанда аз ноҳияи Восеъ гардид.

Дар анҷоми чорабинӣ масъулон ва як қатор мудирону кормандони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.                                                                                                                       

Марям Холиқзода   
Маркази матбуоти вазорат

060921.215060921.211







 

 

060921.213060921.214