Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар Роштқалъа

08.09.2021 1Бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегарданд.

Ба ин муносибат рӯзи 2 сентябри соли равон дар хонаи фарҳанги деҳаи Емс чорабинии фарҳангӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур хонандагон ва ҳаваскорони деҳа барномаи рангини ҳунарӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои ҷаззобу дилангезро пешкаши сокинони деҳа гардониданд.

Мавриди зикр аст, ки дар чорабинӣ сокинони деҳа ҳунари дастранҷи худро аз қабили таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошо гузоштанд.

Ҳамзамон бахшида ба ин санаи таърихӣ барои мудирони китобхонаҳо семинар - машварат дар мавзуъи “Истиқлолият неъмати бебаҳост” гузаронида шуд, ки оид ба мафҳуми Истиқлолият ва дастовардҳои он баромаду суханрониҳо аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод гардид. Дар семинар–машварат инчунин директорони хонаҳои фарҳанг ва мудирони клубҳо низ ширкат варзиданд.

08.09.2021 2