Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

08.09.21.1Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри сулҳу дӯстӣ, маскани фарҳангу маърифат, хонаи умеди ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ва ганҷинаи бебаҳои илму маънавиёт. Душанбе барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон азизу муқаддас буда, макони амалисозии умеду орзуҳои неку созанда мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва зери сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳангу санъати миллӣ рушду такомул ёфта, баҳри татбиқи воқеии сиёсати фарқангии мамлакат ва такомули ҷаҳони маънавии ҷомеаи он дар асоси стратегияҳои мушаххас чорабиниҳо ва барномаҳои аҳамияти сиёсиву фарҳангӣ, илмию оммавидошта амалӣ гардиданд, ки ин раванд бевосита аз пойтахти азизи мо – шаҳри Душанбе оғоз гардида, ҷиҳати рушди соҳа, ҷалби бештари шаҳрвандон ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, баланд бардоштани мақоми пойтахт ҳамчун маркази илмию маърифатӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ нигаронида шуданд.

Бунёду сохтмон, азнавсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муассисаҳои фарҳангию фароғатии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе, аз қабили Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, маҷмааи фарҳангии «Кохи Наврӯз», ки шомили «8 мӯъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай» гардид, қомат афрохтани баландтарин сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва Нишони давлатии Тоҷикистон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳо аз иқдомоти шоистаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд.

Бо дастгирию ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар маркази пойтахт идома дорад, ки боз ҳам муждаи накӯи фарҳангӣ баҳри сокинони пойтахт ва кулли мардуми фарҳангсолори тоҷик мебошад.

Муассисаҳои санъат, фарҳанг ва таълимии Ҷумҳуриявии амалкунанда, аз Қабили Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский, Театри давлатии Ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, Театри давлатии Ҷумҳуриявии «Лӯхтак», Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, Китобхонаи давлатии бачагонаи Ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, Осорхонаи Ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ, Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон, Сирки давлатии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, Коллеҷи Ҷумҳуриявии хореографии ба номи М. Собирова, Коллеҷи Ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов, Мактаб – интернати миёнаи махсуси санъати Ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев, Мактаб – интернати миёнаи махсуси мусиқии Ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ, Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо фаъолияти пурмаҳсули илмию назариявӣ ва Ҳунарию эҷодии хеш баҳри рушди соҳа, омодасозии кадрҳои баландихтисос, дарёфти падидаҳои нави сарояндагию навозандагӣ, коргардонию дирижёрӣ, китобдорию осорхонашиносӣ, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба чорабиниҳои фарҳангию намоишномаҳои театрӣ ва дигар тадбирҳои муассир саҳми сазовор мегузоранд.

Шаҳри Душанбе аъзои Ассамблеяи байналхақии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва Ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ВО ОГМВ) мебошад ва айни замон бо 18 шаҳрҳои Осиё, Африка, Европа, Америка ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳусни тафоҳум ва паймони бародаршаҳрӣ дорад, ки дар доираи ин муносибатҳо чорабиниҳои зиёди фарҳангию маърифатӣ ва илмию оммавӣ доир мегарданд. Аз ҷумла, баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Душанбе дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ва Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Москва ва Санкт–Петербурги Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои фарҳангӣ, муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Россия нақши муассир гузоштанд.

Ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамасола дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад, ки намояндагони воломақоми бародаршаҳрҳои Душанбе аз шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Сиямени Ҷумҳурии Мардумии Чин, Клагенфурти Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва ғайраҳо ташриф оварда, бо расму ойин, унсурҳои ҷашнгирӣ аз Наврӯзи бостонӣ, урфу одатҳо ва одоби шаҳрнишинии сокинони пойтахти Тоҷикистон бархурдор мешаванд.

Инчунин, шаҳри Душанбе бо пойтахти Федератсияи Россия шаҳри Москва ва пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шаҳри Тошкент дар соҳаҳои иқтисодӣ – тиҷоратӣ, илмӣ – техникӣ ва фарҳангу маориф дар доираи созишномаҳои тарафайн ҳамкориҳои мутақобилан судманд дорад.

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи «Дарҳои кушода»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мизбони баргузории чорабиниҳо ва ҷаласаҳои сатҳи олии байналмилалию минтақавӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ғайраҳо гардид.

Тӯли ин муддат, дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншооти фарҳангӣ бунёд гардида, фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шуданд. Имрӯз дар шаҳри Душанбе 39 муассисаи фарҳангӣ, 28 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва зиёда аз 50 муассисаи фарҳангию фароғатии Ҷумҳуриявӣ амал мекунанд.

Танҳо дар 3 соли охир шумораи боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр баъди азнавсозии бархе аз боғҳо ва бунёди боғҳои нав ба 18 адад расиданд, аз ҷумла боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Алишер Навоӣ», «Умари Хайём», «Аҳмади Дониш», «Садриддин Айнӣ», «Восеъ», «Куруши Кабир», «Мироненко», «Парчами миллӣ», «Нишони давлатӣ», «Ирам», «Кӯли ҷавонон», «Наврӯзгоҳ», «Ғалаба», «Ҷавонон», «Кӯдакон» ва «Боғи ҳайвонот», ки ҳамарӯза баҳри фароғати сокинону меҳмонони шаҳр хизмат мерасонанд.

Бунёд ва ифтитоҳи «Китобхонаи муосири пойтахт» аз зуҳуроти замони Истиқлол мебошад, ки айни замон дорои зиёда аз 450 ҳазор адабиёти электронӣ ва беш аз 30 ҳазор китоби илмию бадеӣ аст.

Дар баробари ин, базаи моддию техникии китобхонаҳо таҷдид гардида, фонди китобии онҳо мукаммал ва бо техникаю технологияи нави ахборотию компютерӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Дар мактабҳои санъату мусиқии бачагонаи шаҳр дар баробари таълими ибтидоии созҳои мусиқии касбию халқӣ, инчунин, омӯзиши созҳои миллӣ ва хониши классикӣ ба роҳ монда шуданд, ки ин тадбир баҳри бештар фаро гирифтани насли наврас ба омӯзиши созҳои миллӣ, ташаккули эҳсоси зебоипарастию санъатдӯстӣ, кашфи истеъдодҳои нав ва баланд гардидани маданияти насли ояндасози миллат мусоидат намуданд.

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, ҳуввияти миллӣ, эҳсоси меҳанпарастию одоби шаҳрнишинии сокинон, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби кормандони театрҳои назди раёсати фарҳанги шаҳр - Театри намунавӣ–минётурии «Ойина» ва Театри тамошобини наврас ба номи М. Қосимов намоишномаҳои нави тарбиявию ахлоқӣ рӯйи саҳна гузошта шуда, пешкаши дӯстдорону ҳаводорони театр мегарданд.

Вобаста ба тарғибу ташвиқи ҳунарҳои бадеии халқӣ, дастгирии ҳунармандон ва муаррифии маҳсули эҷоди онҳо бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» дар доираи эълон гаштани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тасдиқ гардид.

Тибқи ҷадвали мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фестивалу озмунҳо, аз қабили Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз…», Фестивали Ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ», Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», Фестивали «Сад ранги чакан» (чакандӯзӣ), Фестивали ҷумҳуриявии «Атласу адрас», Фестивали «Ҷилваи рангҳо»: Либосҳои миллӣ ва муосир (барои кӯдакону наврасон, ҷавондухтарону ҷавонписарон), Фестивали ҷумҳуриявии «Оши палав», Озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг», «Дастархонороӣ», «Кадбонуи беҳтарин», «Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ», «Мисгарию оҳангарӣ», «Кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ», «Сайри гули лола», «Тайёр кардани хӯришҳои миллӣ ва муосир», «Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам», «Қаннодӣ ва ҳалвопазӣ», «Шириниҳои (десерти) миллӣ ва муосир» ва ғайраҳо баргузор мешаванд, ки даври ниҳоӣ ва ҷамъбастии ин чорабиниҳо бевосита дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе сурат мегирад, ки аз пойтахти фарҳангӣ будани он шаҳодати амиқ мебошад.

Тадбирҳои мазкур барои тақвияти сатҳи маънавии ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳангӣ, эҷоду ҳунар, рушди минбаъда ва беҳтар сохтани фаъолияти муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ равона гардида, кормандони соҳаро водор месозад, ки иқтидори илмию эҷодии худро ба нафъи кишвар сафарбар намоянд ва бо эҳсоси ифтихормандӣ дар пойдории давлати соҳибистиқлоламон саҳми худро гузоранд.

Ҳамаи ин пешравиҳо ва дастовардҳои фарҳангии пойтахти тоҷиконро ба инобат гирифта, бо Қарори Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пойтахти маҳбуби тоҷикон - шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 эълон гардид. Ин шаҳодати он аст, ки маҳз бо ҳидояту дастгириҳои Бунёдгузори давлати навини тоҷикон, Пешвои адабпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаю ободкоронаи Раиси ҷавону ватандӯсти шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир пойтахти азизамон ба шаҳри сабзу дилоро, маскани фарҳангию сайёҳӣ ва макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мубаддал гардида, ҷавлонгоҳи меҳнату зиндагии осоишта, хуррамбоғи фароғату роҳати пирон ва дунёи равшану босафои кӯдакону ҷавонон шуд.

Воқеан, Душанбе шаҳри сулҳу сафо, пойтахти фарҳангӣ, маскани умедбахшу орзупарвари ҷавонону наврасон, хазинаи пурганҷи илму маърифат, макони сайёҳию ҳунармандӣ ва хонаи умеди кулли тоҷикону тоҷикзабонони ҷаҳон мебошад. Зеро ҳар як сокини ифтихорманди пойтахт бо дарки баланди масъулияти инсонӣ, эҳсоси ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори давлатдорӣ баҳри ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, эҳтироми муқаддасоти Ватан, пос доштани номи неки пойтахт камари ҳиммат баста, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи он, ободиву созандагӣ ва сабзкории пойтахт софдилонаю содиқона хизмат намуда, саҳми шоистаи хешро мегузоранд.

Ин музаффарият ва дастоварди гаронарзиш - эълон гардидани “Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”-ро дар соли ҷашнии кишвар, яъне 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми хушиқболи тоҷик ва дӯстони бурунмарзиамон табрику шодбош гуфта, баҳрашон сиҳатмандии комил, бахту иқболи нек ва саодати рӯзгор таманно дорем.

Орифӣ Озар Баҳромзода – корманди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,                                                                                                                            магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,                                                                                                          Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон