Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ШУМОРАИ ИДОНАИ “ИЛМ ВА ҲАЁТ” АЗ ЧОП БАРОМАД

08.09.21.3Идораи маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” ба ифтихори ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи навбатии худро, ки муҳтавои аслии он ба дастовардҳои беназири замони соҳибистиқлолӣ бахшида шудааст, аз чоп баровард.

“Истиқлол – тантанаи ҳақиқати таърих”, “Тоҷикистон ва иқтисодиёти сабз. Аҳамияти бузурги байналмилалии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат”, “Душанбеи ҳамешабаҳор – сарсабз ва гулпӯш. Нишони завқи баланди зебоипарастии Пешвои муаззами миллат ва Шаҳрдори шаҳрёр”, “Шинохт ва эътирофи Истиқлолият”, “Тоҷикистон аз нигоҳи дигарон: Тоҷикон меҳмоннавозу хушмуомилаанд”, “Фурӯғи субҳи доноӣ... – рамзи истиқлоли зеҳнии миллат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман – минбари таҷаллии истеъдод”, “Квотаи президентӣ – иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллат”, “Адиб” ва инқилоби китоб”, “Мусоҳиба бо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: Бахти андак нест, дорад номи миллатро ба худ...”, “Худшиносӣ: Сарчашмаи маъноии вожаи “тоҷик”, “Рушди сайёҳии дохилӣ – талаботи замон”, “Истиқлолияти давлатӣ – заминаи таҳкими қонунгузорӣ”, “Рушди тафаккури техникӣ – талаботи муҳимми аср”, “Пайванди илм бо истеҳсолот – тақозои ҳадафи чоруми стратегии мамлакат”, “Муассиртарин воситаи тарбияи шахсият”, “Усулҳои самарабахши таълими фанни риёзӣ”, “Шеър-ул-аҷам” – асари арзишманди илмӣ” аз матолибе ҳастанд, ки шумораи идонаи маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”-ро ба зевари табъ оростаанд.