Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоиши асарҳои кӯдакони кишварҳои узви СҲШ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

08.09.21.5 1Бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай аз 6 то 15 сентябри соли ҷорӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Марҳабо ба 20-солагии СҲШ» намоиш доир мегардад, ки фарогири асарҳои кӯдакони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дӯстдорону ҳаводорони ҳунари рассомӣ, хусусан наврасону кӯдакон ва таълимгирандагони бахши рассомии муассисаҳои таълимии мамлакат метавонанд аз расмҳои тасвирнамудаи кӯдакони кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Русия, Чин, Покистон ва Ҳиндустон дидан намоянд. Зимни ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ин намоиши байналмилалӣ зиёда аз 200 адад расмҳои маҳсули дасти кӯдакони 8 кишвари узви Созмони ҳамкории Шанхай ба тамошо гузошта шудаанд.

08.09.21.5 208.09.21.5 308.09.21.5 4