Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ба як зумра кормандони соҳаҳои гуногун мукофотҳои Вазорати фарҳанг супорида шуд

08.09.21.6 2Ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муваффақият ва комёбиҳои назаррас, тарғибу ташвиқ, ҳамзамон дар амал татбиқ намудани нақшаю барномаҳои сиёсати фарҳангии кишвар, барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ як қатор кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар бо мукофотҳои "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардиданд.

Рӯзи 7 сентябри соли равон бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф дар Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба як қатор кормандони Кумита мукофотҳои вазорат супорида шуд. Бо нишони "Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон" раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мустаҷобова Рудоба, бо нишони "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" Юсуфов Амриддин сармуҳаррири рӯзномаи "Ваҳдат"-и Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Алланазаров Шарафҷон мушовири калони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Қаландариён Ҳоким директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон бо иштироки Сафарзода Давлат Шариф дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид, ки муовини вазир баромад намуда, олимону кормандони Академияро бо 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт ва ба як зумра кормандон мукофотҳои соҳавиро супурд.

08.09.21.6 4

Бо нишони "Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳайдаров Рустам муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, Партоев Қурбоналӣ мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, Раҳматуллоев Фирӯза муовини директор оид ба илм ва таълими Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, Раҷабов Аскаралӣ мудири шӯъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, Абдурашидов Фозил муовини директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокиров Фарҳод директори Институти физикаву техникаи ба номи С. Умарови АМИТ сазовор гардиданд.

08.09.21.6 108.09.21.6 308.09.21.6 508.09.21.6 608.09.21.6 7