Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ҲАЁТ АЗ ОБИ НОБУ ҶОВИДОН САРЧАШМА МЕГИРАД

08.09.21.8Об сарчашмаи зиндагӣ, гаҳвораи ҳаёт дар сайёраи Замин буда, бидуни он зиндагӣ на дар олами ҳайвонот ва на олами наботот вуҷуд надорад. Об мӯъҷизаи табиат буда, дар баробари хоку боду оташ яке аз чаҳор унсури асосии офариниш мебошад. Ин моддаи аҷоиб дар табиат ҳамвора ҳаракат мекунад ва давр мезанад. Ҳамасола аз сатҳи уқёнусу баҳрҳо ва кӯлу дарёҳо тақрибан 450 ҳазор метри кубӣ об бухор мешавад ва атмосфераи заминро аз намӣ ғанӣ мегардонад. Об ҳангоме, ки бухор мешавад боло мебарояд ва ин оби буғшакл сард шуда, ба борон, жола, барф мубаддал мегардад ва боз ба рӯи замин меборад.

Фарқияти об аз дигар канданиҳои табиат дар он аст, ки он гаштаву баргашта барқарор мегардад, сол аз сол камии он дар шакли софу нӯшокӣ зиёдтар ҳис мешавад. Аз обҳои беканори сайёраи мо ҳамагӣ 1 фоизашро барои нӯшидан истифода мебаранд. Захираҳои оби нӯшокӣ дар курраи Замин нобаробаранд, истифодаи он дар соҳаҳои саноату зироат ва хоҷагии коммуналӣ чанд маротиба зиёд гаштааст. Бинобар маълумотҳои охирин инсоният дар замони муосир ба проблемаи умумии ҷаҳонии экологӣ дучор гардидааст. Қариб 1,5 миллиард одамон дар қитъаҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд.

Ҳамин тариқ, бад гаштани ҳолати экологӣ Осиёи Марказиро низ дар канор нагузошт. Фоҷиаи баҳри Арал, пастшавии сатҳу сифати об ва ба ин васила интишори бемориҳои сирояткунанда боиси хавф гардиданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи оби нӯшокии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Дар он 55,4 фоизи резиши бисёрсолаи дарёҳо ба ҳавзаи баҳри Арал ташаккул меёбад. Ҳамчунин, дар кӯҳсори баланди ҷумҳурӣ маркази яхбандиҳои калонтарин, ки майдони 9 ҳазор км2-ро фаро мегирад, тақрибан 8/100 ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд. Пиряхҳои бузургҷусса ва бузургҳаҷм дар қаторкӯҳҳои Помир мавҷуданд, аз ҷумла Федченко, ки дарозиаш ба 77 км мерасад.

Воқеан, пиряхҳои Тоҷикистон боигарии миллии сарзамини мо буда, неъмати бебаҳо мебошанд. Пиряхҳо захираҳои обии минтақаро ташкил медиҳанд. Сарчашмаи оби софу зулол ҳастанд. Аз қадим маълум аст, ки дар канори яхи обшуда ҳаёт рангин ва шукуфон аст. Ин далел дар водиҳо ва кӯҳистони Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Олимон ин ҳодисаро ба структураи махсуси физиологияи оби пирях ё тарма вобаста медонанд. Оби пиряхҳо, ки дар тобистони бисёр гарм қариб 60 фоизро ташкил медиҳанд, асосан ба соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар истифода мегарданд. Пиряхҳои Помир сарчашмаи дарёҳо ва кӯлҳо буда, оғози дарёи бузурги Амударё ҳастанд. Оби дарёҳо барои обёрии замин, ниёзмандиҳои техникӣ ва хоҷагии халқ истифода карда мешаванд. Аз об қувваи барқ ҳосил мегардад.

Яке аз пурқудраттарин иншооти Осиёи Марказӣ ин Нерӯгоҳи барқи обии «Норак» буда, дар дарёи Вахш ҷойгир аст. Ҳаҷми обанбори Норак 10,5 км2 мебошад, ки ҳазорон гектар замин обёрӣ мешавад. Истифодаи қувваи арзони дарёҳои Тоҷикистонро ба назар гирифта, як силсила нерӯгоҳҳои барқии хурду бузург, аз ҷумла нерӯгоҳҳои «Роғун», «Сарбанд», «Бойғозӣ» ва ғайра сохта шудааст. Ин имконият медиҳад, ки дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби Тоҷикистон ду баробар қувваи барқ зиёд истихроҷ гардад.

Сиёсати обии мамлакат дар Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст ва шартҳои ҳамкории судманди дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо давлатҳои дигар пешбинӣ менамояд. Тоҷикистонро дар Осиёи Марказӣ сарчашма ва зодгоҳи оби тоза гуфтан мумкин аст. Манбаъҳои бузургтарини оби Тоҷикистон аз ин қабиланд: дарёҳои Сир, Зарафшон, Вахш, Кофарниҳон, Панҷ, Ғунд, Сурхоб, Варзоб, кӯлҳои Сарез, Искандаркӯл, Зоркӯл, Ҳафткӯл ва ғайра мебошанд. Бештари обҳои Тоҷикистон дар давлатҳои ҳамсоя истифода мешаванд. Худи Тоҷикистон бошад аз ин обҳо танҳо 18 фоизро истифода мекунад. Масъалаи асосии глобалии Осиёи Марказӣ ин ҳал намудани фоҷиаи Арал мебошад, зеро дар вақтҳои охир бо буғшавии намаки баҳри Арал пиряхҳои азимтарини минтақа нисбат ба обшавии ҳамасолаашон бештар суръат мегирад. Азбаски ин обҳо дар хоҷагии халқ зиёд истифода мешаванд, масъалаи наҷоти баҳри Арал яке аз мушкилоти давлатҳои Осиёи Марказӣ гаштааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои таъмини оби нӯшокӣ, пешгирии ифлосшавии об ва нестшавии пиряхҳо, рушди фаъолияти сохторҳои марбута ва дигар масъалаҳои вобаста ба обро дар меҳвари асосии фаъолияти худ қарор дода, дар ин самт бо пешниҳоду ташаббусҳои созанда ва иқдомоти наҷиб дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баромадҳо менамоянд.

Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, соли 2003–ро «Соли байналхалқии оби тоза», соли 2013–ро “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015-ро “Даҳсолаи байналмилалии амалиёт барои об” ва солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуд. Ба ин муносибат, симпозиуму конференсияҳои бонуфузе, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд, масъалаҳои муҳимтарини глобалӣ оид ба об, аз ҷумла истифодаи оқилонаи об, муҳофизати обҳои тоза, мубориза бар зидди ифлос кардани об, ташкили самараноки идораву истифодаи захираҳои обӣ фаро гирифта шуданд. Иштироки роҳбарон ва намояндагони давлатҳои хориҷӣ дар ин чорабиниҳои сатҳи баланд шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон воқеан, манбаи оби тоза ва зодгоҳи оби нӯшокӣ дар минтақа мебошад.

Оре, об зиндагиофар аст. Тоҷикистон манбаи обҳо ва чашмаҳои шифобахш мебошад. Дар ҳама гӯшаи он чашмаҳои шифобахше мавҷуданд, ки дар дохили онҳо моддаҳои дармонбахшӣ мавҷуданд ва бемориҳои гуногуни табиӣ табобат карда мешаванд. Чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон, аз қабили Гармчашма, Хоҷаобигарм, Шоҳамбарӣ, Обигарм, Чилдухтарон, Чилучорчашма, Ҳавотоғ ва ғайраҳо ба саломатии инсон фоидаовар буда, ба дарозумрӣ мусоидат мекунанд. Ҳар як сарчашмаи табиии об нодир ва нотакроранд. Ба ин хотир, дар Шарқ мегӯянд, ки «Об сарчашмаи ҳаёт аст!»

Орифӣ Озар Баҳромзода,
корманди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон