Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатӣ дар коллеҷи фарҳанг

08.09.21.13Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” рӯзи 7 сентябри соли равон ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Мирзоалиев, муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, директори муассисаи таълимӣ Разоқзода Салоҳиддин Шамсиддин, устодону донишҷӯён ҷамъомади идона баргузор гардид.

Нахуст, мемонон ва устодону донишҷӯён дар вазъияти тантанавӣ парда аз болои нимпайкараи корманди хизматнишондодаи соҳаи фарҳанг Партов Бӯйдоқов, ки ба тозагӣ бунёд ёфтааст, бардошта шуд.

Сипас, Муҳаммадшариф Бобошоҳзода дар суханронии худ коллеҷи фарҳангро яке аз муассисаҳои пешқадами ноҳия ва ҷумҳурӣ шумурда, аксарияти дастпарварони таълимгоҳро аз зумраи равшанфикрони соҳаи фарҳанги мамлакат номид.

Нуралӣ Мирзоалиев зимни суханронии хеш ҳайати устодон ва донишҷӯёни таълимгоҳро аз номи роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, омӯзгорон Зарифов Барот, Бобокалонова Саодат ва Нематов Мирзо бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қурбонова Саврия, Амонзода Зоир ва Шарифова Шаҳлоро бо нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонид.

Дар анҷоми ҷамъомади идона барномаи консертӣ аз ҷониби донишҷӯёни коллеҷ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсҳои зебою дилфиреб бо шукӯҳу шаҳомати хоса пешкаши меҳмонону тамошобинон гардид.

08.09.21.14 108.09.21.14 208.09.21.14 308.09.21.14 408.09.21.14 5