Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 04:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории чорабинии фарҳангӣ дар Рӯшон

08.09.21.15Рӯзи 6 сентябри соли равон дар толори қкасри фарҳанги ноҳияи Рӯшон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Рӯшон муҳтарам Додхудо Фаррух Муборакшо, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок ва суханронӣ намуданд.

Азим Иброҳим сокинони ноҳияро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, Паёми шодбошии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қироат намуд.

Ҳамзамон Додхудо Фаррух Муборакшо сокинони ноҳияро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрику таҳният намуд.

Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ аз ҷониби ҳаваскорон ва беҳтарин ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҳунарӣ пешкаши ҳозирин гардид.