Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 05:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нашри шумораи навбатии маҷаллаи “Тоҷикистон”

13.09.21.1Дар шумораи навбатии маҷаллаи “Тоҷикистон” №7-8 (1188) 2021, ки муассиси он Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаву маводҳои сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат ба чоп расидаанд, ки хеле ҷолибу хонданӣ мебошанд.

Таҳти унвони “Боздиду мулоқотҳои Пешвои миллат” дар моҳи июл ва августи соли равон боздиду мулоқотҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва кишварҳои хириҷӣ, инчунин дар кушодашавӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани корхонаву маҷмааҳо, марказҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷараёни корхои саҳроӣ нашр гардидаанд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркманистон ва иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин рафти иҷрои амалии санадҳои дуҷонибаи қаблан имзошудаи миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, сатҳи баланди рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайраҳо, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, дар саҳифаҳои аввали маҷалла ба чоп расидаанд.

Маводҳои хонданӣ дар мавзӯи “Муттакои Истиқлолияти Тоҷикистон”, “СҲШ-имконияти беназири сиёсӣ”, “Аҳли фарҳанг-муаррифгари кишвар”, “Таваллуди дигар”-и Тоҷикфилм”, “Дар бораи ваксинагузаронӣ чиро бояд донист?”, “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ-дарвозаҳои боз ба ҷаҳон”, “Ҳамқадам бо ҷомеаи муосир”, “Электромобил-роҳ ба ояндаи Тоҷикистон”, “Тоҷикаэронавигатсия-самараи неки истиқлол аст!”, “Ободии Нуробод аз талошҳои мардум аст”, “Дар хидмати мардум будан шараф аст”, “Дастовардҳои Варзоб-шаҳодати пешравии кишвар” ва якчанд маслиҳатҳои муфид оид ба саломатӣ ва кӯмаки аввалия ба кӯдак то омадани духтур ба чоп расиданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки маҷаллаи “Тоҷикистон” ягона маҷаллаи ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимою фарҳангии кишвар мебошад, ки дар давоми сол 6 маротиба ба табъ мерасад. Обунашавӣ ба маҷалла барои соли 2022 шурӯъ шуда, хоҳишмандон метавонанд бо телефонҳои 233-64-51, 905-75-65-25 ё почтаи электронии маҷалла Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. бо идораи маҷалла тамос гиранд.