Сомонаи пешина | Яш, 23 Сентябр 2018 | 12:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар ноҳияи Файзобод ду китобхонаи шахсӣ фаъолият дорад

 

Дар ноҳияи Файзобод ду китобхонаи шахсӣ ба муштариён хизмат мерасонанд.

Китобхонаи аввал ба нафақахӯри аҳамияти ҷумҳуриявидошта Ҷӯрабек Муъминов тааллуқ дошта, дорои 3020 нусха китоб мебошад. Китобхонаи мазкур дар озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳои хусусӣ иштирок карда, бо ҷоизаи озмун қадр гардидааст. Китобхонаи мазкур дар тарбияи насли наврас ва китобдӯстон нақши калон дорад. 

Истиқоматкунандаи ҳамин ноҳия, корманди соҳаи тиб Аббос Зардов ба китобхонаи дуввум асос гузоштааст. Китобхонаи шахсии ӯ дорои 1110 нусха адабиёт аст.

Сокинони ноҳия аз адабиёти китобхонаҳои мазкур истифода бурда, баҳраи маънавӣ мебардоранд. 

Бахши фарҳанги ноҳияи Файзобод ният дорад, ки соли ҷорӣ дар ноҳия дӯкони китобфурӯшӣ ташкил намояд.