Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 17:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Номаи сипос ба Вазири фарҳанг

Ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз номи Директори рушди ҶДММ «Nextview Consulting» Д. Қуватова номаи сипос омад.

Тавассути нома ҶДММ «Nextview Consulting» миннатдории хешро ба Вазири фарҳанг барои дастгирӣ намудани чорабинии идона, ки 17 марти соли ҷорӣ дар майдони 800-солагии Москва бахшида ба идҳои баҳорӣ ва рӯнамоии телефони нави Самсунг доир гардид, баён намудааст. 

«Ба туфайли саҳми бевоситаи Шумо ва кори мураттаби муассисаҳои дахлдор чорабинӣ дар саҳти баланди тадорукотӣ, техникӣ ва эҷодӣ гузашт.

Шаҳрвандон чорабинӣ ва ситораҳои эстрадаи тоҷикро бо як хурсандӣ пешвоз гирифтанд», - омадааст дар матни нома. 

Д. Куватова изҳори умед кардааст, ки ҳамкорихои минбаъда ба рушди ҳаёти фарҳангии пойтахт саҳм мегузоранд.