Сомонаи пешина | Яш, 23 Сентябр 2018 | 12:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар доираи Ҳафтаи Франкофонӣ баргузории консерт ва намоиши пйесаи нав дар назар аст

 

9 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар Маркази фарҳангии “Бохтар” бо дастгирии Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафтаи Франкофонӣ оғоз мешавад.

Ҳафтаи мазкур то 15-уми апрели соли равон идома ёфта, дар доираи он дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд якчанд чорабиниҳо баргузор мешаванд.

Аз ҷумла, 11 апрели соли 2018 соати 09:00 дар Маркази фарҳангии “Бохтар” байни омӯзандагони забони фаронсавӣ мусобиқаи «Dis moi dix mots» - «Ба ман даҳ калима бигӯ» гузаронида мешавад, ки ғолибони он аз ҷониби ширкати “Huawei Tajikistan” ва сафорати Фаронса бо тӯҳфаҳои арзишнок мукофотонида мешаванд.

12 апрел соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти мусиқии фаронсавӣ дар иҷрои оркестр, балет ва сарояндагони ин театр баргузор мегардад.
13 апрел соати 18:00 дар театри давлатии “Лӯхтак” намоишномаи “Шоҳзодаи хурд” аз рӯи асари Антуан де Сент Экзюпери дар таҳияи Юлия Москалевич намоиш дода мешавад.
14 апрел соати 11:00 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, донишҷӯён намоишнома бо забони фаронсавиро, ки дар ҳамкорӣ бо коргардон аз Фаронса Фредерик Кофман таҳия гардида аст, манзури тамошобинон мегардонанд
Дар ҳамин рӯз соати 15:00 Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский дар ошёнаи сеюми театри ба номи А.Лоҳутӣ нахустнамоиши “Дар он ҷои дигар”-ро аз рӯи пйесаи драматурги фаронсавӣ Кристина Вистюп, ки аз ҷониби Амал Ханум Гаджиева ба забони русӣ тарҷума гардидааст, дар таҳияи Хуршед Мустафоев ба бинандагон пешкаш менамояд.
Аз 10 то 14 апрел дарсҳои омӯзишӣ оиди хӯрокҳои фаронсавӣ барои ошпазони ҷавони Тоҷикистон аз ҷониби ошпази фаронсавӣ Фредерик Муссет гузаронида мешаванд.
Аз 13 то 22 апрел дар Маркази фарҳангии “Бохтар” семинар-машваратҳо оиди методҳои омӯзиш додани забони фаронсавӣ барои омӯзгорони забони фаронсавии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Машғулиятҳоро мутахассисон аз Фаронса – Имен Маачи ва Абрахам Алакон мегузаронанд.

Инчунин дар Маркази фарҳангии “Бохтар” ва ва Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғаффуров Ҳафтаи филмҳо ба забони фаронсавӣ хоҳад гузашт.
Боиси зикр аст, ки соли ҷорӣ чорабиниҳои Ҳафтаи Франкофонӣ бо иштироки Дафтари Швейтсария оиди ҳамкорӣ ва Сафорат и Белгия дар Қазоқистон сурат мегиранд ва даромад ба ҳамаи ҷорабиниҳо озод аст.

Чорабиниҳои мазкур боиси мубодилаи фарҳангиву вохӯриҳо байни донишҷӯён, рӯзноманигорон ва ҳамаи онҳое, ки ба забони фаронсавӣ ва ҳаёти фарҳангӣ шавқ доранд, хоҳанд гардид. 
Қайд кардан зарур аст, ки Ҳафтаи Франкофонӣ ба фарҳанг ва забони фаронсавӣ бахшида шуда, дар баробари Рӯзи байналмилалии Франкофония, оғоз аз соли 1998 тар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамасола дар 70 кишвари дунё зиёда аз 1500 чорабинӣ бахшида ба Ҳафтаи Франкофонӣ ба қайд гирифта мешавад, ки ин аз рушди забони фаронсавӣ ва фаъолияти авҷноки ташкилотҳое, ки фарҳанги фаронсавиро паҳн намуда, муколама бо дигар мамлакатҳоро ба роҳ мемонанд, шаҳодат медиҳад.

Забони фаронсавӣ – дуюмин забони бештар омӯхташавандаи ҷаҳон мебошад. Берун аз Фаронса тақрибаан 125 миллион нафар забони фаронсавиро меомӯзанд, ва 900 ҳазор нафар омӯзгори забони фаронсавӣ мебошанд. Ин дуюмин забон дар ҷаҳон аз рӯи суръати иттилооти маълумоти байналмилалӣ дар ВАО, сеюмин забони муоширати корӣ ва чорумин забони фазои Интернет мебошад. Забони фаронсавӣ – забони муҳими корӣ дар ҳамаи ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад. Он аз рӯи теъдоди донандагони забон дар ҷаҳон ҷои панҷумро ишғол мнамояд – ҳамагӣ дар ҷаҳон 274 миллион нафар бо забони фаронсавӣ ҳарф мезананд. Инчунин, дар баробари забони инглисӣ, забони фаронсавӣ дар ҳамаи панҷ қитъаҳои замин намояндагӣ мекунад.

Барномаи муфассал ва маълумоти иловагиро оид ба Ҳафтаи Франкофонӣ дар саҳифаҳои электронии https://tj.ambafrance.org, http://fb.com/BactriaCC, ва https://www.facebook.com/FranceauTadjikistan/ дарёфт кардан мумкин аст.
Телефон барои тамос: (+992 372) 221-25-58, 227-05-54