Сомонаи пешина | Ҷм, 20 Июл 2018 | 11:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ифтитоҳи семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳо

Субҳи 6 апрели соли 2018 дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар семинари ҷумҳуриявии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар мавзуи «Китоб - равшангари дилҳо» бахшида ба баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар оғози семинар иштирокчиёни семинарро ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, ба кори семинар барор таманно намуд.

Вазири фарҳанг аз иштирокчиёни семинар даъват ба амал овард, ки дар амалигардонии сиёсати маърифатпарварона ва фарҳангпарваронаи ҳукумати кишвар фаъол бошанд ва усулҳои муосири хизматрасонии китобиро ба мардум роҳандозӣ намоянд. 

«Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки дар дар Мулоқоти Президенти кишвар бо зиёиён оид ба фаъолият ва вазъи имрӯзаи китобхонаҳо эродҳо гуфта шуданд. Мо низ зимни сафарҳои корӣ ба вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борҳо шоҳиди он будем, ки вазъи китобхонаҳои маҳаллӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Имрӯз месазад, ки иштирокчиёни ин семинар ташаббускор бошанд ва бо пешниҳоди нав оид ба таҳким бахшидани фаъолияти китобҳонаҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо муроҷиат намоянд».

Шамсиддин Орумбекзода инчунин оид ба нашри адабиёти нав, ташкили нуқтаҳои китобфурӯшӣ дар назди китобхонаҳои маҳаллӣ, ободонии гирду атрофи бинои китобхонаҳо ва ғанӣ гардонидани фонди китобӣ сухан гуфт.

«Як таҷрибаи хуби солҳои қабл ин буд, ки китобҳои нодире, ки солҳои пешин нашр шудаанд, аз аҳолӣ харидорӣ мекарданд. Имрӯз низ шояд нафароне ҳастанд, ки падару бобояшон олиму китобдӯст буданду фарзандон касбҳои дигарро пеша кардаанд»- иброз дошт Вазири фарҳанг ва илова намуд, ки зинда кардани анъанаи харидории чунин китобҳо аз мардум пеши роҳи бо мақсадҳои номувофиқ истифода бурдани онҳоро мегирад.

Аз номи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон намояндаи шуъбаи адабиёти бачагона Алӣ Бобоҷон иштирокчиёни семинарро табрик гуфт. Номбурда дар васфи китоб ва илму адаб якчанд мисраъ ба самъи ҳозирин расонид. «Мо бояд бисёртар китоб хонем, забони модариро ҳифз намоем, таърихи давлати худро омӯзем»- таъкид намуд адиб. 

Алӣ Бобоҷон аз сифат ва мундариҷаи китобҳои бачагона ва дарсӣ изҳори нигаронӣ кард. «Китобҳои дарсӣ ҳамеша ҳамроҳи кӯдакон ва наврасон ҳастанд. Вақте онҳо мазмунан суст бошанд, чӣ ҷои сухан оид ба адабиёти бадеӣ?» суол ба миён овард Алӣ Бобоҷон. 

Боиси зикр аст, ки семинари мазкур 7 апрели соли 2018 низ кори худро идома медиҳад. Дар рафти семинар мавзуҳои муҳими соҳа мавриди муҳокима қарор гирифта, лоиҳаи «Системаи бақайдгирӣ ва муроҷиати электронии истифодабарандагони китобхона» муаррифӣ мегардад.