Сомонаи пешина | Яш, 23 Сентябр 2018 | 12:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Намоишгоҳи ҳунарҳои бадеии халқӣ ба ифтихори 25-умин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО

Бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фестивал-намоишгоҳи ҳунарҳои бадеии халқӣ баргузор гардид.

Дар фестивали мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода, котиби генералии Федератсияи миллии клубҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Зумрат Давлатбекова, директори Осорхонаи миллӣ Абдувалӣ Шарифзода, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон-котиби масъули Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бутаева, ректорони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ, рӯзноманигорон ва дигар меҳмонон ширкат намуданд.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи апрели соли 1993 ба аъзогии ташкилоти бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг – ЮНЕСКО шомил гардида, тўли ин муддат робитаҳо бо созмони мазкур, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва ЮНЕСКО самаранок вусъат ёфта, самтҳои наву созандаро фаро гирифтанд. Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар самтҳои фарҳанг, илм ва маориф таҳияву пешбарӣ менамояд ва дар ҳифзу тарғиб намудани мероси фарҳангӣ ва табиии милливу умумиҷаҳонӣ саҳми арзанда дорад.

Эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани руҳияи ватандўстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасону ҷавонон мавқеи муҳим дошта, истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии моддию маънавии ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии Вазорати фарҳанг ба ҳисоб рафта, дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расида истодаанд.

Шаҳри бостонии Саразм, мусиқии классикии миллии “Шашмақом”, ёдгории табиии «Боғи миллии Тоҷикистон», ҷашни Наврўзи байналмилалӣ, таоми миллии “Оши палов” ва ғайраҳо намунаи барҷастае аз мероси ғании фарҳангию таърихии халқи тоҷик аст, ки аз таърихи пурғановати мардуми тоҷик шаҳодат медиҳанд, аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шуда, ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии башарият ворид карда шудаанд.

Ворид гардидани мероси таърихию фарҳангии тоҷикон ба феҳристи ЮНЕСКО аз мақому мартабаи баланди фарҳангӣ ва ҳунармандии ин миллат шаҳодат медиҳад. Боиси ифтихор аст, ки масъулини мақомоти дахлдори кишвар вобаста ба пешниҳоди дастовардҳои моддию маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда, дар солҳои минбаъда номгўи унсурҳои мероси фарҳанги моддию ғайримоддӣ, аз қабили “Суманак”, “Фалак”, ҷашнҳои Сада ва Меҳргон барои ворид намудан ба феҳристи мазкур пешниҳод мегарданд.

Дар Фестивал-намоишгоҳи ҳунарҳои бадеии халқӣ намунаҳои ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик, аксҳои сертификатҳои мероси фарҳанги ғайримоддии Тоҷикистон, ки ба Феҳристи ёдгориҳои ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардидаанд, инчунин мусаввараҳои кӯдакону наврасон, ки ба Озмуни расмҳо бахшида ба 25- солагии ҳамкориҳои байни Тоҷикистону ЮНЕСКО пешниҳод гардидаанд, ба намоиш гузошта шуданд.

Дар чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъоли Озмуни расмҳо бахшида ба 25- солагии ҳамкориҳои байни Тоҷикистону ЮНЕСКО аз ҷониби Дафтари ЮНЕСКО туҳфаҳо супорида шуд.