Сомонаи пешина | Шб, 22 Сентябр 2018 | 05:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даъват барои иштирок дар озмун

 

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишмандонро барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти беҳтарин суруду оҳангҳо ва номераҳои рақсии тозаэҷод таҳти унвони «Фарҳанг-муаррифгари маънавиёти миллат» даъват менамояд.

Ҳадаф аз баргузории Озмун фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати нерӯи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нав-овозхонҳо, навозандагон, раққосон, тарғибу ташвиқи ҳунару истеъдодҳои асил, ҳамоҳангсозии фаъолияти гуруҳҳои ҳунарӣ ва ҳунарпешагони алоҳида новобаста аз шакли фаъолият, интихоби асарҳои тозаэҷод ва дар ин замина таҳияи барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ ва муаррифии санъату ҳунари миллии тоҷик ба ҷаҳониён мебошад. 
Дар Озмун тамоми гурӯҳҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони алоҳида новобаста аз шакли фаъолият ва синну сол бо пешниҳоди асарҳои тозаэҷод ҳуқуқи иштирок намуданро доранд. Озмун дар жанрҳои овозхонӣ- (яккахон, гурӯҳӣ); навозандагӣ-созҳои миллӣ, аврупоӣ; хореография-(якка, гурӯҳӣ); ровӣ гузаронида мешавад.

Озмуни мазкур дар ду давр доир мегардад. Даври аввал то 21 майи соли 2018 дар назди раёсатҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шуъбаю бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардида, ғолибони озмун дар даври ҷамъастӣ дар Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд. Ҷамъбасти давраи ниҳоӣ 15 июни соли 2018 сурат мегирад.

Ҳангоми баҳогузорӣ таваҷҷӯҳ ба симои зоҳирӣ, матн ва муҳтавои суруду оҳангҳо ва иҷроиши номераҳои рақсӣ дода мешавад. Иштирокчиёни Озмун бо дипломҳо сарфароз шуда, ба чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ роҳхат мегиранд.

Рӯйхати иштирокдорони даври ниҳоии Озмун на дертар аз 25 майи соли 2018 ба Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли аудио ва видеоӣ бояд пешниҳод шавад.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 34, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати санъат. Тел: 2210204, 2216536, E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.