Сомонаи пешина | Ҷм, 20 Июл 2018 | 11:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷаласаи васеи Вазорати фарҳанг оид ба омодагӣ ба чорабиниҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ

11 апрели соли 2018 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва муассисаҳои театриву консертӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа рафти омодагӣ ба чорабиниҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ баррасӣ гардида, дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини якуми Вазири фарҳанг Ибодулло Машраб, роҳбарони муассисаҳои театриву консертӣ ва ансамблҳову оркестрҳо иштирок намуданд.

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода дар симои ҳозирин ба аҳли фарҳанг ва санъати кишвар барои ҷамъбасти назарраси соли 2017 изҳори ташаккур гуфт: «Ин масъулияти аҳли фарҳангро боз бештар месозад ва ҷамъбасти соли 2018 бояд беҳтару хубтар бошад ва чорабиниҳо дар сатҳи боз ҳам баландтар гузаронида шавад».

Вазири фарҳанг инчунин иброз дошт, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз таваҷҷӯҳи кишварҳои гуногунро ба фарҳанги халқи тоҷик афзудааст. «Таклифҳо оид ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги дигар давлатҳо дар кишвари мо ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар дигар кишварҳо зиёданд. Бинобар ин мо барои ғанигардонӣ ва муаррифии арзандаи фарҳангу санъати худ бояд беш аз пеш кӯшиш ба харҷ диҳем».

Муовини якуми Вазири фарҳанг Ибодулло Машраб оид ба чорабиниҳои фарҳангии байналхалқӣ ва ҷумҳуриявии соли 2018, аз ҷумла таҷлили ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом ва Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сухан ронда, зикр намуд, ки аҳли санъат бояд барои барномаҳои фарҳангӣ суруду оҳангҳои нав пешниҳод намоянд.

Омодагиҳо ба баргузории Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷараён аст ва қаблан ба муассисаҳои театрию консертӣ супориш дода шуда буд, ки рақсҳои миллӣ ва сурудҳо бо забони кишварҳои иштирокчии ҷаласаи мазкурро таҳия намоянд», - таъкид намуд муовини якуми Вазири фарҳанг. 

Таъкид гардид, ки баргузории Конфронси байналмилаии сатҳи баланд оид ба амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, низ яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалии соли 2018 мебошад. 

Дар ҷаласа инчунин рафти омодагиҳо ба барномаи консертии Шоми дӯстӣ дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва барномаи консертии муштараки аҳли ҳунари Тоҷикистон ва Беларус дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус А. Лукашенко баррасӣ гардиданд. 

Инчунин баҳри тайёрии ҳамаҷониба ба Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Шарҷаи АМА, инчунин Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар ва Туркманистон ба шуъба ва муассисаҳои дахлдор супоришҳо дода шуд.

Муовини якуми Вазири фарҳанг масъалаи таҳияи барномаҳои ҳунариро бахшида ба ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада ба миён гузошта, таъкид намуд, ки ин се ҷашн бо мундариҷа ва айёми баргузорӣ аз якдигар фарқ мекунанд ва таҷлилу ҷашнгирии онҳо низ бояд аз ҳам тафовут дошта бошанд.