Сомонаи пешина | Ҷм, 20 Июл 2018 | 12:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъомади устодони Коллеҷи фарҳанг

10 апрели соли 2018 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П.Бӯйдоқов ҷамъомади васеъ бо иштироки мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ Абдулло Сатторӣ, директори Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ Ширинзода Наҷмиддин, кормандони ШВКД 1-и ноҳияи Рӯдакӣ капитан Фаррух Бурҳонов, капитан Азиз Ширинов ва омӯзгорони коллеҷ баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис директори Коллеҷи фарҳанг Идрис Оқилзода баромад карда, аз натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи аввали нимсолаи дуюми соли хониши 2017-2018 маърӯза намуд. Баъдан, мудири шуъбаҳои мусиқӣ-омӯзгорӣ, раисони иттиҳодияи методӣ ва муовинони директор дар бораи самтҳои алоҳидаи фаъолияти муассисаи таълимӣ ҳисобот доданд. Аҳли нишаст ба фаъолияти устодони муассисаи таълимӣ дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва соҳиби касбу ҳунар намудани онҳо баҳои баланд дода, дар бораи фаъолияти ояндаи муассиса суолҳо ва пешниходҳо иброз доштанд.