Сомонаи пешина | Ҷм, 20 Июл 2018 | 11:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Конференсияи илмӣ дар Коллеҷи фарҳанг

11 апрели соли 2018 дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи П.Бӯйдоқов конференсияи илмӣ доир ба рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ доир гардид. Дар кори конференсия сармутахассиси шуъбаи илми муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуразоқ Самиев, маъмурият, устодон, донишҷӯёну хонандагони Литсейи назди Коллеҷи фарҳанг иштирок намуданд.

Дар оғоз барномаи театрикунонидашудаи омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ, ки инъикоскунандаи рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ буд, пешкаши ҳозирин гашт. Дар барномаи пешниҳодшуда инчунин номераҳои рақс ва суруд ҷой дода шуда буданд, ки ба аҳли нишаст хеле писанл гардиданд.

Директори Коллеҷи фарҳанг Идрис Оқилов бо маърузаи пурмуҳтавои худ баромад карда, дар бораи чеҳраи мондагори миллати тоҷик Садриддин Айнӣ хеле рушан ва возеҳ маълумот дод. 

Сармутахассиси шуъбаи илми муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуразоқ Самиев суханронӣ карда, таассуроти худро аз боздидаш аз раванди таълиму тарбияи донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ва конфронси баргузоргардида хеле хуб баён карда, нақши муассисаи таълимиро дар тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг баланд баҳо дод.

М. Воҳидов