Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 17:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шоми мусиқии фаронсавӣ

Шоми 12 апрели соли 2018 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Шоми мусиқии фаронсавӣ баргузор мегардад.

Дар барномаи консертӣ навозиши оҳангҳо аз композиторони фаронасавӣ, иҷрои сурудҳо бо забони фаронсавӣ ва намоиши рақсии балет дар иҷрои оркестр, ҳунарпешаҳои балет ва сарояндагони ин театр назар аст.

Боиси зикр аст, ки Шоми мусиқии фаронсавӣ дар доираи чорабиниҳои Ҳафтаи Франкофонӣ, ки аз 9 то 15 апрел бо дастгирии Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд гузаронида мешавад, доир мегардад. 
Аз ҷумла, дар доираи чорабиниҳои Ҳафтаи Франкофонӣ 13 апрел соати 18:00 дар театри давлатии “Лӯхтак” намоишномаи “Шоҳзодаи хурд” аз рӯи асари Антуан де Сент Экзюпери дар таҳияи Юлия Москалевич намоиш дода мешавад.

14 апрел соати 11:00 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, донишҷӯён намоишнома бо забони фаронсавиро, ки дар ҳамкорӣ бо коргардон аз Фаронса Фредерик Кофман таҳия гардида аст, манзури тамошобинон мегардонанд.

14 апрел соати 15:00 Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский дар ошёнаи сеюми театри ба номи А.Лоҳутӣ нахустнамоиши “Дар он ҷои дигар”-ро аз рӯи пйесаи драматурги фаронсавӣ Кристина Вистюп, ки аз ҷониби Амал Ханум Гаджиева ба забони русӣ тарҷума гардидааст, дар таҳияи Хуршед Мустафоев ба бинандагон пешкаш менамояд.
Аз 10 то 14 апрел дарсҳои омӯзишӣ оиди хӯрокҳои фаронсавӣ барои ошпазони ҷавони Тоҷикистон аз ҷониби ошпази фаронсавӣ Фредерик Муссет гузаронида мешаванд.

Аз 13 то 22 апрел дар Маркази фарҳангии “Бохтар” семинар-машваратҳо оиди методҳои омӯзиш додани забони фаронсавӣ барои омӯзгорони забони фаронсавии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Машғулиятҳоро мутахассисон аз Фаронса – Имен Маачи ва Абрахам Алакон мегузаронанд.
Инчунин дар Маркази фарҳангии “Бохтар” ва ва Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғаффуров Ҳафтаи филмҳо ба забони фаронсавӣ хоҳад гузашт.
Боиси зикр аст, ки соли ҷорӣ чорабиниҳои Ҳафтаи Франкофонӣ бо иштироки Дафтари Швейтсария оиди ҳамкорӣ ва Сафорат и Белгия дар Қазоқистон сурат мегиранд ва даромад ба ҳамаи ҷорабиниҳо озод аст.

Ҳафтаи Франкофонӣ ба фарҳанг ва забони фаронсавӣ бахшида шуда, дар баробари Рӯзи байналмилалии Франкофония, оғоз аз соли 1998 тар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамасола дар 70 кишвари дунё зиёда аз 1500 чорабинӣ бахшида ба Ҳафтаи Франкофонӣ ба қайд гирифта мешавад, ки ин аз рушди забони фаронсавӣ ва фаъолияти авҷноки ташкилотҳое, ки фарҳанги фаронсавиро паҳн намуда, муколама бо дигар мамлакатҳоро ба роҳ мемонанд, шаҳодат медиҳад.

Барномаи муфассал ва маълумоти иловагиро оид ба Ҳафтаи Франкофонӣ дар саҳифаҳои электронии https://tj.ambafrance.org, http://fb.com/BactriaCC, ва https://www.facebook.com/FranceauTadjikistan/ дарёфт кардан мумкин аст.
Телефон барои тамос: (+992 372) 221-25-58, 227-05-54