Сомонаи пешина | Дш, 23 Апрел 2018 | 14:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Оғози Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон таҳти унвони «Сайри китоб»

 

Аз 15 апрел то 15 - уми майи соли 2018 дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб» баргузор мегардад.

Ифтитоҳи ботантанаи фестивал 15 апрел соати 10:00 дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, китобхонаҳои бачагонаи вилоятӣ , китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ва китобхонаҳои мактабӣ сурат мегирад. 

Фестивал аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Фестивали анъанавӣ имсол бо рӯйдоди барои миллати мо бағоят муҳим - 140-солагии зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ оғоз ёфта, дар рӯзи зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб ва рӯзи байналмилалии оила, яъне 15 –май ҷамъбаст мегардад. Чорабинӣ ба 27-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-солагии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028», ҷашнвораҳои адибон, олимон, симоҳои барҷастаи ҳунарҳои мардумӣ ва китобҳои тозанашр бахшида мешавад. 
Мақсади асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.
Дар доираи барномаҳои фестивал намоишгоҳҳо, суҳбатҳо, маҳфилҳои адабӣ, мизҳои мудаввар ва озмунҳои гуногун аз қабили «Хонандаи фаъол», «Китобдори беҳтарин», «Беҳтарин дастранҷи кӯдакона», «Сайёҳони наврас», «Саёҳат бо китоб», «Сайри олами китоб», маҳфилҳои «Оилаи китобдӯст», «Синфи китобдӯст», «Оилаи ҳунармандон», «Дастони моҳир», «Дастони тиллоӣ» ва амсоли ин гузаронида мешаванд.

Созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъол, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони васоити ахбори омма, муассисаву ташкилотҳо, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукотӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мукофотҳои пулӣ, тӯҳфаҳо, инчунин бо ифтихорномаҳо ва нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда мешаванд.