Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 17:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Барномаи консертӣ дар Консерватория

12 апрели соли 2018 дар Толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов консерти синфии иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ Хуршед Иброҳимзода бо номи “Шоми мақом” баргузор гардид.

Барномаи консертӣ ба соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шуда, дар он донишҷуён ва устодон оҳангу сурудҳои Шашмақомро манзури тамошобинон намуданд.