Сомонаи пешина | Дш, 23 Апрел 2018 | 14:04
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Оғози Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон таҳти унвони «Сайри китоб»

15 апрели соли 2018 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб» бо тантана ифтитоҳ гардид.

Дар саҳни китобхона меҳмонон таҳти навои карнаю сурнай аз намоишгоҳи китобҳои тозанашри кӯдакона таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ» дидан намуданд. Меҳмонони фестивал китобҳои гуногуни нависандагони шинохта, афсонаҳо, шеъру чистонҳоро бо шавқ тамошо карданд. Ба маърази тамошо инчунин маҳсуоти ҳунарҳои мардумӣ – дастранҷи мактаббачагони шаҳри Душанбе гузошта шуда буданд. 
Қисми расмии чорабинӣ дар толори Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон бо намоиши композитсияи адабӣ-бадеии «Садриддин Айнӣ – фарзанди башарият» оғоз гардид.
Баъди тамошои саҳнаи ҷолиб, ки ба 140-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бахшида шуда буд, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳозиринро бо оғози Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» табрик гуфт. Вазири фарҳанг аҳли нишастро, ки асосан хонандагони мактаб буданд, ба китобхонӣ даъват намуда гуфт, ки беҳтарин ҳадя дар зодрӯз ва дигар ҷашнҳо китоб аст. «Имрӯзҳо ҳатто дар дипломатияи байналмилалӣ беҳтарин туҳфа китоб ҳисобида мешавад.

Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зимни сафарашон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобҳои адибони классик Ҷомӣ ва Навоиро тӯҳфа оварданд» - иброз дошт Шамсиддин Орумбекзода. 

Адиби ширинкалом Алӣ Бобоҷон, ки зиёда аз 60 сол инҷониб барои кӯдакон эҷод мекунад, низ аҳли нишастро бо зодрӯзи Асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва оғози фестивали ҷумҳуриявӣ муборакбод намуд. «Шумо, бачаҳои азиз, бояд аз хурдсолӣ ба китобхонӣ одат кунед. Агар ин одат ба шумо аз кӯдакӣ касб шавад,тамоми умр ҳамроҳатон мемонад!»- гуфт Алӣ Бобоҷон.

Сипас адиб аз шеърҳои нави худ, ки дар мавзуи китоб ва Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» эҷод шуда буданд, ба самъи ҳозирин расонид.   

«Мо тозабаҳори гулнисори Ватанем» чунин ном дошт барномаи консертие, ки аз ҷониби ҳаваскорони мактабҳои таҳсилотии миёнаи умумии шаҳри Душанбе таҳия гардида, ба чорабинӣ ҳусни интиҳо бахшид.

Боиси зикр аст, ки 15 апрели соли 2018 ифтитоҳи ботантанаи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб» дар тамоми китобхонаҳои бачагонаи вилоятӣ , китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ва китобхонаҳои мактабӣ баргузор гардид. 

Фестивал аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Фестивали анъанавӣ имсол бо рӯйдоди барои миллати мо бағоят муҳим - 140-солагии зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ оғоз ёфта, дар рӯзи зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб ва рӯзи байналмилалии оила, яъне 15 –май ҷамъбаст мегардад. Чорабинӣ ба 27-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21-солагии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028», ҷашнвораҳои адибон, олимон, симоҳои барҷастаи ҳунарҳои мардумӣ ва китобҳои тозанашр бахшида мешавад. 

Мақсади асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.
Дар доираи барномаҳои фестивал намоишгоҳҳо, суҳбатҳо, маҳфилҳои адабӣ, мизҳои мудаввар ва озмунҳои гуногун аз қабили «Хонандаи фаъол», «Китобдори беҳтарин», «Беҳтарин дастранҷи кӯдакона», «Сайёҳони наврас», «Саёҳат бо китоб», «Сайри олами китоб», маҳфилҳои «Оилаи китобдӯст», «Синфи китобдӯст», «Оилаи ҳунармандон», «Дастони моҳир», «Дастони тиллоӣ» ва амсоли ин гузаронида мешаванд.

Созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъол, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони васоити ахбори омма, муассисаву ташкилотҳо, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукотӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мукофотҳои пулӣ, тӯҳфаҳо, инчунин бо ифтихорномаҳо ва нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда мешаванд.