Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 17:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Чорабинии фарҳангӣ дар Филармония

5 майи соли 2018 соати 17:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев бахшида ба 100-солагии зодрӯзи композитори маъруфи тоҷик Амон Ҳамдамов ва 80-солагии Оркестри созҳои миллӣ чорабинии фарҳангӣ доир мегардад.

Дар чорабинӣ ҳунарпешагони шинохта ва ҳунармандони Оркестри созҳои миллӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ ва намунаҳои эҷодиёти Амон Ҳамдамовро манзури тамошобинон мегардонанд.