Сомонаи пешина | Яш, 20 Мая 2018 | 20:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили эҷодии Гулсара Абдуллоева

 

5 майи соли 2018 соати 15:00 дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов маҳфили эҷодӣ бахшида ба 50-солагии фаъолияти ҳунарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева баргузор мегардад.

Барномаи маҳфил аз се қисм иборат буда, нахуст бо намоиши филм аз ҳаёт ва фаъолияти соҳибҷашн шуруъ мешавад. Сипас ба тамошобинон намоиши «Ашки хунини модар» манзур мегардад. Дар фарҷом меҳмонон ва аҳли санъату фарҳанг ҳунарпешаи хушсалиқа Гулсара Абдуллоеваро бо 50-солагии фаъолияти ҳунарӣ табрик мегӯянд.