Сомонаи пешина | Яш, 20 Мая 2018 | 20:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Сохтмони майдончаи варзишӣ идома дорад

 

Бунёди майдончаҳои варзишию фароғатии замонавӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе боиси хушнудии кўдакону наврасон ва сокинони шаҳр гашта, симои пойтахтро зебову дилоро мегардонад. Айни ҳол бунёди майдончаҳои варзишию фароғатии нав дар пойтахт идома дошта, дар сохтмони он вазорату кумитаҳо саҳмгузоранд. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди майдончаи варзишии шаҳраки 103 кӯчаи Бобоҷон Ғафуров 42/1 масъул буда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Ҷиҳати иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо кормандони дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта ҳашари шанбегӣ ташкил намуда, дар сохтмони майдончаи варзишӣ кор мекунанд. Ҳамчунин кормандони муассисаҳои зертобеи вазорат ҳамарӯза ба кори сохтмончиён кӯмак мерасонанд, то ки майдончаи варзишӣ дар вақти муайяншуда бо сифати баланд сохта ба истифода дода шавад.