Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 17:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар таърихи Арабистони Саудӣ аввалин Рӯзҳои фарҳанги ин кишвар дар кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон гузаронида мешавад

 

Субҳи 5 майи соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари департаменти фарҳанги Вазорати фарҳанг ва иттилооти Арабистони Саудӣ Аҳмад ал Музайяд баргузор гардид.

Вазири фарҳанг меҳмононро ба шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, оид ба фаъолияти соҳаҳои фарҳанг ва санъат дар кишвари мо маълумот дод. «Робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистои Саудӣ аз соли 1992 оғоз гардидаанд. Ташрифи меҳмонон ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои моро боз ҳам таҳким мебахшад»-зикр намуд Вазири фарҳанг. 

Роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад ал Музайяд таасуроти хешро аз истиқболи гарм дар Тоҷикистон баён намуда, изҳори миннатдорӣ намуд. «Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон аввалин Рӯзҳои фарҳанг аст, ки Арабистони Саудӣ дар кишварҳои хориҷӣ баргузор менамояд. Ин нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвари мо барои густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аст», - зикр намуд Аҳмад ал Музайяд. 

Дар вохӯрӣ инчунин Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ал Баъдӣ ва Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ иштирок намуданд.

Баъди анҷоми мулоқот меҳмонон аз Осорхонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, дастхатҳо ва китобҳои нодирро тамошо карданд.