Сомонаи пешина | Дш, 16 Июл 2018 | 19:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Нишасти матбуотӣ бо Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ

 

5 майи соли соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари департаменти фарҳанги Вазорати фарҳанг ва иттилооти Арабистони Саудӣ Аҳмад ал Музайяд ва намояндагони матбуоти даврии кишвар баргузор гардид.

Мавзӯи асосии нишасти матбуотӣ баргузории Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар буд.

Рӯзноманигорон ба суолҳои гуногуни худ, аз ҷумла оид ба эҳтимолияти баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, қаробати фарҳангии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, то кадом андоза ошно будани мардуми араб бо санъат ва фарҳанги халқи тоҷик ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. 

Боиси зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 то 9 майи соли 2018 дар шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ҳисор баргузор мегардад.