Сомонаи пешина | Дш, 16 Июл 2018 | 19:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«ТУ БЕҲТАРИН!». Намояндаи Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт

Намояндаи Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева бо иҷрои таронаи сарояндаи машҳури Россия Земфира «Ман туро ҷустам» («Я искала тебя»)  ба даври нимниҳоии озмуни «Ту беҳтарин» роҳ ёфт.

«Мо аз муваффақияти Меҳрона бисёр хушҳолем ва аз самими қалб ӯро табрик менамоем. Ӯ аз марҳилаи якум ва дуюми Озмуни байналмилалии вокалии «Ту беҳтарин» бомуваффақият гузашта, ҳоло ба даври ниманиҳоӣ омодагӣ мегирад», — иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини директор оид ба таълими Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов» Баҳром Назаров.

Ин бор ба санъати овозхонии ӯ се узви ҳайати ҳакамон — Виктор Дробиш, Юлианна Караулова ва Сергей Лазарев баҳои баланд доданд.

Ёдовар мешавем, ки Меҳрона Ғайбуллоева донишҷўи курси 1-уми шуъбаи сурудхонии академии Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе» ба номи Аҳмад Бобоқулов буда, моҳи феврали соли равон дар Озмуни байналмилалии телевизионии вокалии «Ту беҳтарин!»-и ширкати телевизионии «НТВ»-и  Федератсияи Россия ширкат варзид ва ба даври дуюм роҳ ёфт.

Бояд гуфт, ки озмуни  «Ту беҳтарин!» ба кӯдакони соҳибистеъдоде, ки ятиманд, имкон медиҳад қувваю истеъдоди худро санҷида, дар саҳнаҳои бузург сурудхонӣ намоянд. Ба озмуни «Ту беҳтарин!» ҳамасола беҳтаринҳо роҳ меёбанд. Дар  озмуни мазкур 82 навраси аз 8 то 18-сола аз Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Латвия, Эстония, Қазоқистон, Осетияи Ҷанубӣ, Германия ва Сурия иштирок намуданд. Меҳрона низ яке аз беҳтаринҳое мебошад, ки дар байни 82 нафар ҳунарнамоӣ карда, баҳои баланди ҳайати ҳакамонро сазовор гардид. Меҳрона аз хурдӣ аз падару модар ятим монда, хатмкардаи  Мактаб– интернати №1–и шаҳри Душанбе мебошад

АМИТ «Ховар»

.