Сомонаи пешина | Дш, 16 Июл 2018 | 19:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Консерти Шашмақом

7 майи соли 2018 дар толори Театри давлатии академии опера ва балет ба номи С. Айнӣ ба истиқболи Рӯзи Шашмақом, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ 12 май таҷлил мешавад, барномаи консертӣ баргузор гардид.

Дар барномаи консертӣ, ки таҳти роҳбарии бадеии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов таҳия гардидааст, ҳунармандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ва Академияи мақом ҳунарнамоӣ карданд. 

Барномаи консертӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Сомон Эйр» баргузор гардид.

Меҳмонони чорабинӣ аҳли фарҳанг ва санъат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, инчунин иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ки аз оҳанг ва суруди классикии халқи тоҷик «Шашмақом» баҳраи маънавӣ бардошта, бо кафкӯбиҳои тӯлонӣ ба ҳунарпешагони моҳир изҳори сипос намуданд.