Сомонаи пешина | Яш, 23 Сентябр 2018 | 12:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Меҳрона, Ҷаннат ва чанд нафари дигар бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг қадр гардиданд

 

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон Шамсиддин Орумбекзода чанд нафар аз ҷавонони соҳибистеъдодро, ки дар тарғиби санъату фарҳанги тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр намуд.

Донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов Меҳрона Ғайбуллоева барои иштирок дар озмуни байналмилалии «Ту беҳтарин» («Ты супер») дар Федератсияи Россия бо Ифтихорнома қадр гардид. 

Меҳрона Ғайбуллоева аз даври якуми озмуни мазкур бо муваффақият гузашта, дар даври дуюм таронаи сарояндаи машҳури Россия Земфира «Ман туро ҷустам» («Я искала тебя»)-ро дар сатҳи баланд иҷро намуд ва ба даври нимниҳоии озмуни «Ту беҳтарин» роҳ ёфт.

Ҷаннат Ҳусейнзода, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ бо истеъдоди фавқулоддаи пианинонавозӣ ва эҷоди асарҳои мусиқӣ шинохта шудааст, барои ғолибият дар озмуни «Истеъдодҳои ҷавон - 2018», ки бахшида ба 80-солагии композитори маъруфи тоҷик Миратулло Атоев баргузор гардида буд, сазовори Ифтихорнома гардид. 

Боиси зикр аст, моҳи декабри соли 2017 дар дафтари кори Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Пекин барномаи консертии Ҷаннати 12-сола дар силсилаи «Нӯҳ нотаи сеҳрофар» баргузор гардида буд. Консерти навбатӣ дар силсилаи мазкур охири моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии халқии Хитой сурат хоҳад гирифт.

Инчунин ба донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов Нисо Рустамова, Муҳаммад Ниёзов, Чоршанбе Аловатов ва Шаҳром Некматов низ барои ғолибият дар озмуни «Истеъдодҳои ҷавон - 2018» Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.