Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 17:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ: «Тоҷикистон дар ҳақиқат биҳишти рӯи замин будааст»

Шоми 8 майи соли 2018 дар майдони 800-солагии Москва бахшида ба пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертӣ баргузор гардид. 
Дар барномаи консертӣ ҳунарпешаҳои Арабистони Саудӣ суруди оҳангҳои миллӣ ва рақсҳои фолклориро манзури тамошобинон намуданд.

Роҳбари гурӯҳи эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид ал Умейр ба роҳбарияти ду кишвар ва Вазоратҳои фарҳанги ду кишвар барои ташкили Рӯзҳо ташаккур гуфта, аз пазироии гарму меҳмоннавозии мардум ва табиати нотакрори кишвари мо муассир будани иштирокчиёни Рӯзҳоро иброз дошт. Сипас ӯ ба ҳунарпешагони Арабистони Саудӣ барои муаррифии суруду оҳанг ва рақси миллии онҳо ба мардуми тоҷик сипоснома супорид. 

Боиси зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-9 майи соли 2018 баргузор гардида, дар доираи он барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, санъати наққошӣ, хаттотӣ ва аккосӣ, ғизоҳои миллии арабӣ манзури тамошобинони тоҷик гардид. Ҳунарпешаҳои араб барномаи мусиқии худро дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Норак пешниҳоди ҳаводорони савту наво намуданд. 

Инчунин дар доираи Рӯзҳо байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии фарҳанги Арабистони Саудӣ барномаи иҷроияи ҳамкориҳои фарҳангӣ қабул гардид, ки онро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Мудири иҷроияи департаменти фарҳанги Кумитаи давлатии фарҳанги Арабистони Саудӣ Аҳмад ал Мазияд, ки ба ҳайси сардори ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буд, ба имзор расониданд. 

Муколамае, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мавқеи зан дар Арабистони Саудӣ» бо иштироки профессор, доктори илмҳои ҷомеашиносӣ ва маорифи Донишгоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Фозия Албакр баргузор гардид, ба олимону муҳаққиқон ва рӯзноманигорони тоҷик имкон дод, ки оид ба тарзи зист ва фаъолияти бонувон дар Арабистони Саудӣ шинос гарданд.


Боиси зикр аст, ки тамоми иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ аз сафарашон ба Тоҷикистон тассуроти нек бардоштанд ва Тоҷикистонро биҳишти рӯи замин номиданд. Роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳо, мудири иҷроияи департаменти фарҳанги Кумитаи давлатии фарҳанги Арабистони Саудӣ Аҳмад ал Мазияд дар ифтитоҳи барномаи консертӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак чунин гуфт: «Қабл аз ба Тоҷикистон омадан шунида будем, ки Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст. Дирӯз ва имрӯз мо шоҳид шудем, ки ин кишвар дар ҳақиқат бо мардум ва аҳолии некӯи он биҳиштосо будааст».