Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 17:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вазорати фарҳанг ба Хона музейи С. Айнӣ асари рассомӣ-графикӣ туҳфа кард

8 майи соли 2018 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Хона музейи С. Айнӣ боздид намуд ва бо сармуҳофизи муассиса Моҳшариф Табарова оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти хона-музей суҳбат орост.

Сипас аз номи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хона-музейи С. Айнӣ мусаввараи Қаҳрамони миллат С. Айнӣро, ки аз ҷониби рассоми хушсалиқа Пайрав Ғаниев дар жанри графика иҷро шудааст, тақдим намуд. 

Тӯҳфаи мазкур ба муносибати 140-солагии зодрӯзи поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони миллат устод С. Айнӣ супорида шуд.