Сомонаи пешина | Яш, 20 Мая 2018 | 20:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи Шашмақом

12 майи соли 2018 соати 18:00 дар амфитеатри Муассисаи давлатии «Боғи ирам» бахшида ба Рӯзи Шашмақом барномаи консертӣ баргузор мегардад.

Дар барномаи консертӣ яккасарои Кумитаи телевизион ва радиои миллии Ҷумҳурии Озорбойҷон, Дорандаи Шоҳҷоизаи 5-ум Озмуни ҷумҳуриявии муғом ва Шоҳҷоизаи 6-ум Фестивал-озмуни муғом дар Озарбойҷон Алмахонум Аҳмадлӣ, ки меҳмони асосии барнома аст, номинанти Ҷоизаи байналмилалии «Грэмми-2006» Тоҳирҷон Ҷӯраев, ҳунарпешагони ансамбли «Шашмақом»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, омӯзгорони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода, ансамбли рақсии «Базморо» иштирок хоҳанд кард.