Сомонаи пешина | Дш, 16 Июл 2018 | 19:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Консерватория 73-умин солгарди Иди Ғалабаро ҷашн гирифтанд

 

8 майи соли 2018 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бахшида ба 73-умин солгарди Иди Ғалаба барномаи консертӣ баргузор гардид.

Дар барномаи консертӣ донишҷӯёни кафедраи сарояндагии академӣ, хори факултети иҷрокунандагӣ ва факултети санъати мусиқии эстрадӣ аз асарҳои шинохтаи Соловев-Седой, Фр. Верачини, А. Новиков, М. Исаковский, Я. Френкел, Э. Артемев ва дигарон иҷро намуданд, ки арзиши ғалаба бар Фашизм, расидан ба қадри зиндагии осоишта ва сулҳу суботро тараннум намуд. Хусусан суруди «Катюша», ки аз ҷониби донишҷӯи кафедраи сарояндагии академӣ Ҳасан Пирмуҳамадов иҷро гардид, ба барномаи консертӣ ҳусни тоза бахшид.