Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 17:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон

 

Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон 14 - 17 майи соли 2018 бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар ва муаррифии фарҳанг ва санъати Белорус ба мардуми тоҷик баргузор мегарданд.

Ҳайати эҷодӣ ва расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 -15 май ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Белорус Юрий Бондар роҳбарии ҳайати расмии Рӯзҳоро бар уҳда хоҳад дошт.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории вохӯрии ҳайати расмии Рӯзҳо бо роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, нишасти матбуотӣ, Рӯзҳои кинои Беларус, намоишгоҳи асарҳои мусаввирӣ, барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат дар назар аст.

Барномаҳои консертӣ бо иштироки Ҳунарпешаҳои хизматнишондодаи Ҷумҳурии Белорус Владимир Громов ва Алёна Ланская, инчунин ҳунарпешаҳои Ансамбли давлатии академии хизматнишондодаи хореографии «Хорошки» -и Ҷумҳурии Беларус сурат хоҳанд гирифт. 
14 майи соли 2018 соати 14:00 дар Хонаи кинои «Зебунисо» ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон доир мегардад.

15 май сафари меҳмонон ба шаҳри Ваҳдат ва ташкили барномаи консертӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат дар назар аст. Инчунин меҳмонон аз Дараи Ромит дидан менамоянд. Соати 14:00 ҳамин рӯз дар Хонаи кинои «Зебунисо» идомаи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Субҳи 16 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон соати 10:00 баъди анҷоми мулоқоти расмӣ ба нақша гирифта шудааст.

Шоми 16 май соати 17:30 дар фойеи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоишгоҳи осори санъати тасвирии «Беларус ва белорусҳо» ифтитоҳ меёбад. 
Соати 18:00 дар толори театри мазкур барномаи бошукӯҳи консертии ҳунарпешагони болорусӣ манзури тамошобинони тоҷик мегардад.