Сомонаи пешина | Дш, 16 Июл 2018 | 19:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Сафари кории муовини Вазири фарҳанг ба вилояти Суғд

4-12 майи соли 2018 муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода бо гурӯҳи корӣ оид ба пешниҳоди ёдгориҳои таърихии гузаргоҳи Фарғона - Сирдарё ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод.

Ба гурӯҳи корӣ мутахассисони соҳавии Академияи илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Н. Сайфуллоев, профессор, мудири кафедраи археологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи ак. Бобоҷон Ғафуров Н. Раҳимов ва ходими калони илмии Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразм Ш. Қурбонов шомил буданд.

7 майи соли ҷорӣ муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Зевар Давлатзода ва гурӯҳи корӣ бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вохӯрӣ анҷом дода, дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории вилоятӣ оид ба омода кардани ёдгориҳои таърихии гузаргоҳи Фарғона - Сирдарё барои пешниҳод ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ва ҳуҷҷатгузории ҳуқуқӣ суҳбат намуд.

Зимни сафар гурӯҳи корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Шаҳристон, Спитамен ва Ашт бо вазъи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ шинос шуданд. 
Боиси зикр аст, ки лоиҳаи ЮНЕСКО оид ба «Дастгирии ёдгориҳои Роҳи Абрешим дар гузаргоҳи Фарғона - Сирдарё» се сол идома дошта, дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Чин роҳандозӣ мегардад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур соли 2018 аз ҷониби гурӯҳи кории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари Юнеско, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва сарпарастии Фонди мақсадноки Ҷопон ду китоб ба нашр расид. Китоби аввал китоби роҳнамо буда, «Шоҳроҳи бузурги Абрешим» унвон дорад ва аз ҷониби муаллифон Г. Каримова, Н. Сайфуллоев, Т. Филимонова ва Ш. Қурбонов таҳия гардидааст. Китоби дуввум монографияи Набиҷон Раҳимов аст, ки бо номи «Тоҷикистон: ёдгориҳои археологии Сирдарёи миёна дар шоҳроҳи бузурги Абрешим» ба табъ расидааст. Адабиёти мазкур бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар нашриёти Истеъдод чоп шуда, заминаи ҳуҷҷатгузории силсилаҷоизаро ташкил медиҳанд. 

Инчунин моҳи июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо сарпарастии Фонди мақсадноки Ҷопон баргузории семинари минтақавӣ оид ба пешниҳоди силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Абрешим аз гузаргоҳи Фарғона-Сирдарё бо иштироки бештар аз 30 коршиноси дохиливу хориҷӣ дар назар аст.