Сомонаи пешина | Яш, 20 Мая 2018 | 20:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ташрифи Вазири фарҳанги Беларус ба Душанбе

 

Субҳи 15 майи соли 2018 роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода пешвоз гирифт.

Ҳайати эҷодии Рӯзҳо субҳи 14 май ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд.
14 майи соли 2018 дар Хонаи кино ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Беларус дар Тоҷикистон доир гардид.

Ҳаводорони санъати кино филми «Нақш дар об» («Следы на воде»), ки ба 100-солагии Милитсияи Беларус бахщида шудааст, тамошо карданд. Филми мазкур соли 2017 бо супориши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Беларус ва дастгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус ба навор гирифта шуда, дар бораи воқеаҳои солҳои баъди Ҷанги бузурги ватанӣ дар Беларус нақл мекунад.

Шоми он рӯз меҳмонон шаҳри Душанбе, Боғи Ирам ва дараи зебоманзари Варзобро тамошо карданд.

15 май иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон ба шаҳри Ваҳдат сафар намуда, дар Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат барномаи фарҳангии ҷолиберо манзури сокинон ва меҳмонони шаҳр менамоянд.

Инчунин соати 14:00 дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон идомаи Рӯзҳои кинои Беларус ба нақша гирифта шудааст.

Субҳи 16 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон соати 10:00 баъди анҷоми мулоқоти расмӣ ба нақша гирифта шудааст.

Шоми 16 май соати 17:30 дар фойеи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намоишгоҳи осори санъати тасвирии «Беларус ва беларусҳо» ифтитоҳ меёбад.
Соати 18:00 дар толори театри мазкур барномаи бошукӯҳи консертии ҳунарпешагони беларусӣ манзури тамошобинони тоҷик мегардад.

Барномаҳои консертӣ бо иштироки Ҳунарпешаҳои хизматнишондодаи Ҷумҳурии Беларус Владимир Громов ва Алёна Ланская, инчунин ҳунарпешаҳои Ансамбли давлатии академии хизматнишондодаи хореографии «Хорошки» -и Ҷумҳурии Беларус сурат хоҳанд гирифт.