Сомонаи пешина | Яш, 20 Мая 2018 | 20:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фарҳанг – пайвандгари дилҳо

Дар шаҳри бостонии Кӯлоб Рӯзҳои фарҳанги Бадахшон баргузор гардид. Оид ба тасмими ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии Кӯлобу Бадахшон раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло ибрози ақида намуда, меҳмононро бо ин падидаи гуворои фарҳангӣ шодбош намуданд. Ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Бадахшон дар толори Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кӯлоб баргузор шуда, ба меҳмонон намоишномаи “Баҳори Ваҳдат” пешкаш гардид.

Тибқи барномаи фарҳангӣ дар толори машваратии Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнӣ бо ширкати Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, шоира Хосият Вализода, шоири дӯстдоштаи хонандагон Лутфи Хомӯш, Сулаймони Султон ва аҳли қалами Бадахшону аҳли қалами шаҳри Кӯлоб маҳфили хотирмони шеър сурат гирифт, ки басо дилпазиру хотирмон буд.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанг як навъ рамзи эҳтиром ба фарҳанги гузаштаю муосири мардуми тоҷик маънидод гардид.