Сомонаи пешина | Чш, 19 Декабр 2018 | 17:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». 18 май Осорхонаи миллии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мекунад

 

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ва эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» иқдомоти байналмилалии «Шабе дар Осорхона»-ро 18 майи соли равон аз соати 18:00 то 22:00 баргузор менамояд.

Тавре аз Осорхонаи миллӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар рафти чорабинӣ барои меҳмонон аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо истифода аз либосҳои миллӣ намоиши мӯд ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумиро баргузор карда мешавад. Дар баробари ин, дигар чорабиниҳо низ баҳри фароғати тамошобинон дар назар дошта шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, тамошобинон аз соати 18:00 то соати 22:00 бидуни харидорӣ намудани чипта, яъне ройгон аз экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатии «Шабе дар Осорхона» дидан менамоянд.

АМИТ «Ховар»