Сомонаи пешина | Яш, 20 Мая 2018 | 20:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо ҳамтои худ аз Беларус

16 майи соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар, ки роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон аст, вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни суҳбат Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Беларусро ба шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, оид ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти Вазорати фарҳанг ва муассисаҳои зертобеъ маълумот дод.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Юрий Бондар барои пазироии гарму самимӣ ва меҳмондӯстии халқи тоҷик изҳори миннатдорӣ намуда, оид ба густариши муносибатҳои фарҳангӣ дар соҳаҳои мухталиф сухан гуфт. 

«Созишномае, ки соли 2007 байни Вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистону Беларус ба имзо расида буд, ба мо имкон медиҳад, ки доираи ҳамкориҳоро васеътар созем ва дар асоси ин созишнома барномаҳои иҷроияи дигарро низ ба имзо расонем»- иброз дошт Юрий Бондар. 
Дар раванди мулоқот масъалаҳои гуногуни ҳамкорӣ дар соҳаи санъати театрӣ, табъу нашр, китобхонаҳо, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, таҳсилоти олӣ, омодасозии кадрҳо ва ғайра баррасӣ гардиданд.