Сомонаи пешина | Пш, 22 Август 2019 | 13:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хабарҳо

 Ба роҳбарият ва кормандони  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дар ин лаҳзаҳо мехостам миннатдории самимии худ ва ҳамкасбонамро ба Шумо, муҳтарам Вазир ва тамоми кормандон ва ҳунармандони соҳаи фарҳанги кишвар барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ дар «Соли ҷавонон» иброз намоям. Соли ҷавонон, ҳамчун ҳадяи таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –
09.01.2018 11:02 1484

  Барномаи ҷолиби сиркии ҳунармандони Сирки давлатии Ӯзбекистон тӯли чанд рӯз аст, ки дар саҳнаи Сирки давлатии Тоҷикистон рӯзе ду маротиба манзури тамошобинон мегардад. Ҳарчанд аз оғози намоишҳо қариб 10 рӯз гузашта аст, талабгорони тамошои барномаи сиркӣ хеле зиёд ҳастанд. Гурӯҳ-гурӯҳ мардуми дар интизори навбат истода ва толори пури тамошобин гувоҳи
08.01.2018 11:44 408

  Моҳи январ 14 январи соли 2017  дар  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ  ба муносибати таҷлили соли нави чинӣ барномаи фарҳангии «Базми баҳор» баргузор гардид. Дар барномаи фарҳангии мазкур Оркестри миллии созҳои халқии Гуандуни Ҷумҳурии мардумии Чин ба шаҳрвандони муқими ин кишвар дар Тоҷикистон ва дӯстдорони санъату
07.01.2018 08:18 485

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои сол  фаъолияташро дар заминаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба соҳаи фарҳанг, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», нақшаи чорабиниҳо, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
07.01.2018 07:15 1124

  Институти забон ва адабиёт ба номи Абӯабдулло Рӯдакии АИ ҶТ ба ифтихори 140-солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддини Айнӣ моҳи апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалиро дар мавзӯи «Садриддин Айнӣ ва илму адаб ва фарҳанги муосир» баргузор мекунад. Ба Конференсия айнишиносон, донишмандон, ҳунаршиносон ва коршиносони номии дохилӣ
05.01.2018 10:31 502

Ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз номи директори муассисаи давлатии «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо» М. Шарипова номаи сипос ворид гардид. Дар матни нома М. Шарипова ба Вазорати фарҳанг барои кӯмакҳои судманд дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ изҳори миннатдорӣ карда, қайд менамояд, ки санаи 30 декабри соли
05.01.2018 06:20 500

  Хонандаи синфи 11-и МТМУ №8-и шаҳри Душанбе Амал Ҳафизова, ки дастпарвари студияи «Ҳафтранг» аст, дар озмуни байналхалқии телевизионии «Бо овози баланд» («Во вес голос») ғолибият ба даст оварда, беҳтарин сарояндаи яккахони лоиҳаи «Бо овози баланд» дар байни духтарон дониста шуд. Дар мусобиқаи гурӯҳии озмун дастаи чорнафараи Тоҷикистон ҷои дуввумро ба даст
05.01.2018 06:17 586

Китоби “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон” яке аз тадбирҳои ҳифзу густариш ва муаррифии мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон мебошад. Китоб дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Маркази мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP) таҳия ва чоп шудааст.Китоби “Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон” бо сарсухани Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи
04.01.2018 11:25 772

  Ба унвони Вазири фарханги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз номи директории иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ А.Г. Иксанов номаи сипос омад. Дар матни нома ҷаноби Иксанов ба Вазири фарҳанг барои мусоидат ба баргузории консерти тантанавии ҳунарпешаҳои тоҷик дар шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озорбойҷон изҳори миннатдорӣ менамояд. Дар матни
04.01.2018 11:19 603