Сомонаи пешина | Ҷм, 15 Ноябр 2019 | 21:11
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хабарҳо

6-10 ноябри соли 2019 ҳамарӯза соати 13:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор мегардад. Даври ниҳоии озмун дар номинатсияи навозандагӣ рӯзи 6 ноябр сурат мегирад. 9 нафар иштирокчии бахши навозандаи анъанавӣ ва 5 нафар иштирокчии бахши
01.11.2019 11:37 134

Театри давлатии драмаи шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова дар VI Ҷашнвораи байналмилалии театрии намоишҳои шакли хурд, ки 24-28 октябри соли 2019 дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Россия баргузор шуд, сазовори ҷоизаи “Беҳтарин инъикоси анъанаҳои театри миллӣ” гардид. Аҳли эҷоди театр бо роҳбарии директори он Ғайрат Қодиров ба фестивал намоиши “Қорӣ Ишкамба”-ро
31.10.2019 05:04 118

Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар нисбати даргузашти мудири бахши фарҳанги минтақаи Кӯлоб дар вилояти Хатлон Хайрулло Тоиров сахт андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд.
31.10.2019 04:12 128

30 октябри соли 2019 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” баргузор гардид. Дар ҷаласа ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии
30.10.2019 12:01 106

  31 октябри соли 2019 соати 17:00 дар толори намоишии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоиши осори рассомони ҷавон таҳти унвони “Пайроҳаи мерос. СИЛУЕТ наққошии минётурнигорон” ифтитоҳ мегардад. Намоиш ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади рушди санъати минётурнигорӣ, тарғиби ин намуди санъат ва дастгирии
30.10.2019 09:07 70

29 октябри соли 2019 дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи З.Шаҳидӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии «Сайру сайёҳат» маҳфили фарҳангӣ-маърифатӣ ба ифтихори таҷлили 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфил сайёҳон аз шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва инчунин кормандони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳузур доштанд. Дар маҳфил эътирофу эҳтироми
30.10.2019 04:23 104

29 октябри соли 2019 дар Коллеҷи фарҳанги Ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Аксия таҳти унвони “Пиряхҳои худро ҳифз намоем” бо ҷалби устодону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ баргузор гардид. Дар Аксия бо супориш ва дастгирии директори муассисаи таълимӣ Идрис Оқилов донишҷӯдухтарон дар бар либосҳои ягона чун рамзи обҳои мусаффои Тоҷикистон ва донишҷӯписарон бо
30.10.2019 04:18 57

  Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: 1. Сардори раёсати табъу нашр ва матбуот. Талаботи тахассусӣ барои довталабон:- таҳсилоти олии касбӣ;- 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани
29.10.2019 08:22 91

28 октябри соли 2019 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар ба ифтихори 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Дар мизи мудаввар кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок карда, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шарифҷон Комилзода ва доктори илми ҳуқуқ, мудири кафедраи ҳуқуқи граждании Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрулло Ғайюров меҳмонони
29.10.2019 08:08 84